Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот дар Қоҳира бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Миср, Ҳуснӣ Муборак, идома дорад.

Садҳо нафар аз тазоҳуркунандагон қатъи назар аз истеъфои ҳукумати Миср ва ваъдаи раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак ба ислоҳоти густарда, аз нав ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд. Онҳо истеъфои Муборакро, ки 30 сол боз раисиҷумҳури Миср аст, талаб мекунанд.



Дар ҳоле ки рӯзи панҷум буд, тазоҳуркунандагон истеъфояшро талаб мекунанд, Мубораки 82-сола шаби ҷумъа аз телевизиони давлатӣ чунин паём дод: "Ман аз ҳукумат хостам, аризаи истеъфо диҳад ва фардо ҳукумати нав таъсис медиҳам. Бо дастури рӯшану дақиқи ин ки ба вазифаҳои аввалиндараҷаи феълӣ расидагӣ кунад. Такрор мекунам, ман ба осонӣ ҳеҷ тасмиме нахоҳам гирифт. Ман дар хидмати амният ва ормонҳои ҳамаи мисриёнам. Ман масъули савганде ҳастам, ки ба Худо ва миллат додаам."

Бо вуҷуди ин вокунишаш, президент Муборак ончиро, ки дар Миср иттифоқ
афтодааст, як "ҳарҷу марҷ" номид. Пештар ӯ дар минтақаҳои эътироз вазъи фавқулода ва қуюди шабгардӣ эълон кард, аммо тазоҳуркунандагон ин фармонро нодида гирифтанд. Ҷузвутомҳои артиш, ки барои кӯмак ба полис вориди шаҳрҳо шуданд, аз тир кушодан ба мардум худдорӣ намуданд. Аммо полис барои пароканда кардани мӯътаризон аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар ба андозаи зиёд истифода кард. Ин ҳам пеши роҳи тазоҳуркунандагонро нагирифт.

Дар Вошингтон, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ба оромӣ дар Миср даъват кард: "Дар ҳоле ки авзоъ густариш меёбад, нигаронии аввали мо ин аст, ки аз ҷароҳат ва талафи ҷонҳо пешгирӣ шавад. Ман ошкоро аз мақомоти мисрӣ даъват мекунам, аз ҳам агуна хушунат алайҳи тазоҳуркунандагони осоишта худдорӣ кунанд. Мардуми Миср аз ҳуқуқи умумбашарӣ бархӯрдоранд. Ҳуқуқи ҷамъомадҳои осоишта, озодии сухан ва таъини сарнавишти хештан. Инҳо ҳуқуқи инсонанд ва Иёлоти Муттаҳида дар ҳама ҷо аз онҳо ҳимоят мекунад."

Обама ҳамчунин аз Муборак даъват кард, дасти мардум, махсусан ҷавононро аз телефони ҳамроҳ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ қатъ накунад.

Нооромиҳо дар Миср Иёлоти Муттаҳидаро, ки солҳои дароз аз раҳбарони минтақа, ба ҷумлаи Муборак, пуштибонӣ кардааст, дар вазъи ноҳинҷор қарор додаанд. Махсусан ки Муборак яке аз муҳимтарин ҳампаймонҳои араби Амрико ба шумор меравад.

Обама дар Паёми солонаи худ ҳамраъйии Иёлоти Муттаҳидаро бо мӯътаризони Тунис эълом дошта буд ва акнун дида мешавад, ки Кохи Сафед ва Вазорати умури хориҷии Амрико Қоҳираро асосан ба хештандории нерӯҳои интизомӣ даъват мекунанд. Ҳарчанд, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон гуфтааст, ки ҳама гуна эътирозҳо дар мамолики араб аз камбуди озодӣ ва имкониятҳои маҳдуди иқтисодӣ маншаъ мегиранд.

Амрико инро ҳам эълон кардааст, ки кӯмаки ҳарсолааш ба Миср дар ҳаҷми 1,5 миллиард доллар акнун ба он бастагӣ хоҳад дошт, ки Муборак ба бӯҳрон чӣ гуна посух медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG