Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ Мисрро фаро гирифт


Ҳазорон нафар аз тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ дар саросари Миср бо нерӯҳои амниятӣ бархӯрд карданд, саҳнае, ки тайи 30 соли ахир ҳукумати раиси ҷумҳур Ҳуснӣ Муборак шоҳид нашуда буд. Дар шаҳри Қоҳира пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз тирҳои резинӣ, гази ашковар ва мошинҳои обпошӣ истифода кард. Бархӯрд дар назди масҷиде ҳам сурат гирифтааст, ки Муҳаммад Ал-Бародаӣ, барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел ва як пешвои мухолифон барои хондани намози ҷумъа ба онҷо рафтааст. Худи ӯро барои пайвастанаш ба тазоҳургарон ҳабси хонагӣ карданд. Ба гуфтаи мақомот аз миёни 28 вилояти Миср дасти кам 11 тои онро тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ фаро гирифтааст. Мисриҳо аз болоравии қимати хона, бекорӣ ва ҳукуматдории худкома ба хашм омадаанд. Аз рӯзи сешанбе то кунун дар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ҳафт нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG