Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Домодедово", таркиш, тоҷикон ва терроризм


Инфиҷор дар ҳоле ба амал омад, ки як ҳавопаймо озими Душанбе ва ҳавопаймои дигар аз Душанбе фуруд омада буд.

Таркиш дар фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав, бар пояи иттилои расмӣ, 35 кушта бар ҷой гузошт ва беш аз 150 нафарро маҷрӯҳ кард. Дар ин ҳодиса ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҷон бохтанд.

Фоҷиа падарро номурод кард

...Оби чашми Худойназар Ҳақназаров, падари Мурод Ҳақназаров, яке аз қурбониёни ин таркиш, кайҳо хушк шудааст ва ба назар мерасад, ки ӯ дигар
Ӯ ба Русия рафту ба муродаш нарасид...
на маҷоли ашк рехтан дорад ва на тавони бардоштани бори мусибат. Бобои Худойназар аз фоҷиа дар Домодедово бехабар буд, ӯ мегӯяд, ки кам телевизор мебинад ва хуши шунидани ахборро ҳам надорад. Ва лаҳзаҳои аввале, ки ӯ аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Ҷиргатол хабари марги писарашро шунид, чанд дақиқа гиҷ шуд ва ҳеҷ бовар намекард, ки ин мусибат ба сари хонаводаи онҳо омадааст.

Рӯзи ба Душанбе овардани ҷасади фарзандаш мӯйсафед фақат аз он ҳасрат мекард, ки писарашро бо сад умед Мурод ном ниҳода буд ва аммо гардиши айём ҳам ӯ ва ҳам писарашро номурод кард: “Ҳамин бачама дар 43-солагиям ёфтам. Номаша Мурод мондам, номи Мурод дар қирғизҳо бисёр табаррук аст... Ба муродамон расидем гуфта, дар 43-солагӣ соҳиби писар шудем гуфтем. Ӯ ба Русия рафту ба муродаш нарасид. Ӯ чӣ орзу дошт? Мехост зан бигирад, бачадор шавад ва ман мехостам набераро пушт кунам. Ана, аз ҳама мондем.”

Хешовандони дигар аз қурбониёни таркиш Собир Ҷабборов ҳатто маҷоли ҳарф задан надоштанд ва бо дарёфти тобут билофосила ҷониби манзилашон дар пойтахт роҳ гирифтанд.

Нуздаҳ ҷисму ҷони маҷрӯҳ

Таркиш дар “Домодедово” ҷисму ҷони 19 шаҳрванди Тоҷикистонро маҷрӯҳ кард, қаблан теъдоди онҳо 16 нафар гуфта мешуд. Бештари онҳое, ки аллакай аз ҳоли шок берун шудаанд, аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунанд – баъзеҳо хоҳиши дар зеҳнашон эҳё кардани он лаҳзаҳоро надоранд ва дигарон аз мақомоти тафтишотии Русия ҳарос доранд, ки ба маҷрӯҳон ҳушдор додаанд то аз ҳама гуна сӯҳбату мусоҳибаҳо то анҷоми таҳқиқи ҳодиса парҳез намоянд.

Ва фақат чанд тан аз маҷрӯҳон барои сӯҳбат дар бораи таркиш розӣ шуданд. Яке аз онҳо Бахтиёр Ғаффоров, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ба мо гуфт, ки бо гузашти чанд рӯз ҳам ба ёд овардани он лаҳза барояш сахт аст. Ба гуфтаи Бахтиёр, ӯ ва гурӯҳи тоҷикон андаке дуртар аз ҷойи ҳодиса қарор доштанд ва баъд аз таркиш тавонистанд, ки аз толору пур аз дуд ва пур аз кушташудагону маҷрӯҳон берун бароянд.

Бахтиёр мегӯяд, ки “ҳама ҷо кӯрдуд шуд, нафаскашӣ душвор буд ва ман берун баромадам. Қариб, ки аз ҳуш рафта будам. Понздаҳ тоҷик дар як ҷо ҷамъ шудем, баъди таркиш мо понздаҳ кас маҷрӯҳ шуда будем, аз мо чаҳор каса дар мошини ёии таъҷилӣ ба ин ҷо оварданд.”

Бахтиёр ёд дорад, ки чӣ гуна одамон бар асари таркиш ба замин меуфтоданд. “Дар пеши мо даҳ кас афтида буданд”, меафзояд Бахтиёр.

Саидбек Искандаров, сокини шаҳраки Ваҳдат низ мегӯяд, ки лаҳзаи таркиш дар ёдаш хуб нақш бастааст. Ҷароҳати Саидбек ҳам ҷиддист - аз пораҳои маводи мунфаҷира пилки чашм ва дасту пояш осеб дидаанд. Ӯ шукр мекунад, ки чашмонаш сиҳат мондаанд. Саидбек дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз гирифтани бор мехост аз канори қаҳвахонаи “Осиё” биравад ва аммо дар лаҳзаи ахир самти роҳашро дигар кард. Ҳамин чанд лаҳза, ба гуфтаи Саидбек, ҷонашро хариданд.

Ӯ мегӯяд, “борҷомаамро гирифтам, аз назорат гузаштам ва чун маро касе пешвоз намегирифт зуд аз толори интизориҳо берун баромада то байни роҳа рафта будам, ки таркиш ба амал омад. Се кас аз як тараф ва ду каси дигар аз тарафи дигар пешопеши ман мерафтанд, он се нафар афтиданд ва бо ин маро наҷот ҳам доданд. Пеши кафе чанд метр монда буд, агар он сӯ мерафтам, дар байни таркиш мемондам ва ҳоло зинда набудам.”

Лаҳзаи таркиш дар фурудгоҳ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:34 0:00
Линки мустақим


Хӯрдагирие, ки боиси наҷот шуд

Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав, ки ӯ тайи ду рӯзи баъд аз инфиҷор аз ҳоли ҳама маҷрӯҳони тоҷикистонӣ, аз ҷумла, Бахтиёру Сайидбек хабар гирифт, мегӯяд, ки акнун ба ҷони аксари онҳо хатаре таҳдид намекунад ва фақат вазъи як нафар сангин боқӣ мемонад: “Шаҳрвандони моро дар нӯҳ беморхонаи шаҳри Маскав ва як беморхонаи шаҳри Одинсовои вилояти Маскав ҷой додаанд. Шукри Худо, ки саломатии 18 нафарашон хуб аст, фақат саломатии як нафар дар Маркази тиббии ба номи Бурденко хело бад аст. Ӯро ҷарроҳӣ кардаанд, мағзи сараш осеб дидааст, ҳоло беёд он ҷо хоб аст”

Сафири Тоҷикистон баъд аз шунидани хабари таркиш дар Домодедово рухсатии худро қатъ кард ва ба Маскав баргашт. Ҳанӯз шоми душанбе бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сафорати кишвар дар пойтахти Русия ситоди вижа таъсис шуд ва дипломатҳо фавран ба ҷойи ҳодисаву ба бемористонҳо рафтанд.

Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия, низ мегӯяд, ки аз лаҳзаҳои аввали баъди пахши хабар дар бораи таркиш дар ҷараёни ин ҳодиса қарор доранд ва ба аёдати беморон рафтанд ва бо хоҳиши онҳо дар бораи вазъи сиҳаташон ба хешовандонашон хабар доданд.

Абдулло ба он нукта ишора мекунад, ки шояд бори аввал тафтиши мӯшикофонаву хӯрдагиронаи мусофирони ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Маскав аз сӯи хадамоти гуногуни фурудгоҳ ба манфиати ин мусофирон буд: “Мусофирҳои тоҷика бисёр тафтиш мекунанд-ку, онҳоро дурудароз тафтиш карда, азобашон медиҳанд. Ҳамин навбат ҳамин чиз ба мусофирҳо кӯмак кард. Барои он ки тафтиш дуру дароз шуд ва вақти таркиш аксарашон дар ҷойи бағочгирӣ буданд. Барои ҳамин ҳам талафот кам шудааст, шукри Худо! Пешвозгирандаҳо ҳам зиёд буданд ва агар барвақттар мебаромаданд, шояд талафот иёд мешуд”.

Ваҳҳобӣ бо ному насаби насронӣ?

Ва аммо таркиш дар фурудгоҳи “Домодедово” кори дасти киҳо ваё кадом гурӯҳҳост? Мақомоти қудратии Русия то ҳанӯз посухи ин суолро пайдо накардаанд. Дар ҳоле, ки мақомоти Русия бештар сари мавзӯъи болои
Tаркиш маҳз дар он ҷое рух додааст, ки муҳоҷирон меоянд, муҳоҷироне, ки миллатгароҳои рус алайҳи онҳо ҷангу террорро идома медиҳанд...
кормандони милисаву хадамоти амниятӣ ё раҳбарони фурудгоҳ таҳмил кардани масъулияти таркиш сӯҳбат мекарданд, сару садову овозаҳо дар бораи омилони таркиш ҳарчӣ афзоиш меёфтанд.

Соатҳои аввали баъд аз таркиш бархе расонаҳои Русия бо такя ба манбаъҳои худ дар ниҳодҳои қудратӣ ангушти иттиҳом сӯи ҷудоихоҳон аз Қафқози шимолӣ карданд. Ба думболи ин овозаҳо дар бораи изи пойи баталёни нагайҳо ва покистониҳо паҳн шуд.

Ду рӯз баъд аз таркиш дар нашрияҳо аввал акси каллаи террористи эҳтимолӣ ва баъдан акси ӯ чоп шуд. Кумитаи тафтишоти Русия эълом дошт, ки бо гумони даст доштан дар таркиш даҳ нафар мавриди кофтукоб қарор доранд. Ҳадс зада мешавад, ки маҳз яке аз онҳо Виталий Раздобудко худро дар фурудгоҳи “Домодедово” мунфаҷир кардааст.

Расонаҳо навиштанд, ки Раздобудко ба ислом гаравидааст ва бо созмони “Ҷамоати ногайҳо” робита дорад. Бархе нашрияҳо аз Раздобудко чун “ваҳҳобии рус” ном бурдаанд. Ва аммо мақомоти расмӣ ин иттилоъро ҳанӯз тайид накардаанд. Зимнан, дар рӯйхати кушташудагон, ки ахиран Кумитаи ҳолатҳои изтирории Русия нашр кард, ному насаби Раздобудко нест. Дар ин рӯйхат ному насаби зани қафқозиеро, ки гӯё ҳамроҳ бо террористи маргталаб миёни издиҳом дар “Домодедово” буд, низ пайдо накардем.

Ангушти иттиҳоми Маскав сӯи “Аморати Қафқоз”

Фарзияи даст доштани “Ҷамоати ногайҳо” – фарзияи ягонаи таркиш дар “Домодедово” нест. Ахиран расонаҳои русиву хориҷӣ дар бораи имкони робитаи террористҳо бо шабакаи “Ал-Қоида” иттилоъ додаанд. Ин фарзия баъди он маъмул шуд, ки Хадамоти федеролии амнияти Русия хостори кӯмаки хадамоти вижаи Покистон дар тафтиши қазияи таркиши “Домодедово” шуд.

Ба навиштаи рӯзномаи покистонии The News, хадамоти вижаи Русия ҳадс задаанд, ки маргталаб шояд дар яке аз пойгоҳҳои шабакаи “Ал-Қоида” дар марзи миёни Афғонистону Покистон тамрин дидааст. Онҳо ҳамтоҳои покистонии худро ҳушдор додаанд, ки бо вуҷуди зарбаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ, тамрини гурӯҳҳои нави террористӣ дар ин минтақа идома дорад.

Рӯзномаи The News менависад, хадамоти амниятӣ ва иктишофии Русия мутмаинанд, ки айни ҳол дар марзи миёни Покистну Афғонистон гурӯҳҳои фармондеҳон Абу Ҳанифа, ки мусаллаҳони чечену боснӣ ва курдро гирд овардааст, Абу Акоша, раҳбари мусаллаҳон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Абу Нисор, фармондеҳи ҷангиёни уйғур мустақаранд.

Нашрия бо такя ба манобеъи худ навиштааст, ки Хадамоти федеролии амниятии Русия дар таркиши маргталабона дар фурудгоҳи “Домодедово” мусаллаҳони гурӯҳи “Аморати Қафқоз”-и Доку Умаровро айбдор мехонад. Ин гурӯҳ дар Қафқози шимолӣ фаъолият дорад ва аммо раҳбаронаш дар Покистон панаҳ бурдаанд. Нашрияи The Sun, чопи Лондон ҳам, бо такя ба гурӯҳи кормандони хадамоти иктишофӣ, ба даст доштани гурӯҳи “Аморати Қафқоз” дар таркиши фурудгоҳи “Домодедово” ишора кардааст.

Максим Шевченко: ҳадаф муҳоҷирони тоҷик буданд!

Ва аммо Максим Шевченко, узви Палатаи ҷамъиятии Русия, фарзияи “террроризми исломи”-ро дур аз воқеият мехонад. Ӯ дар сӯҳбат бо сомонаи интернетии “Актуальные комментарии” гуфтааст, “ман фарзияи терроризми исломиро рад мекунам, зеро, агар он воқеъан ҳам ҷой дошта бошад, пас ҳадафи он барои ман комилан норушан аст. Ва бо назардошти он ки дар ҷойи ҳодиса теъдоди зиёди мусалмонҳо буданд, ҳадафу ангезаи он муаммо боқӣ мемонанд”.

Максим Шевченко ҳадс задааст, ки таркиш дар фурудгоҳи “Домодедово” - кори дасти гурӯҳҳои миллатгарои рус аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз таркиш шояд тарсонидани меҳмонон аз кишварҳои собиқ шӯравии Осиёи Миёна буд. Максим Шевченко ба он нукта ишора кардааст, ки таркиш замони фуруди ҳавопаймо аз шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст. Сиёсатмадори рус афзудааст, “таркиш маҳз дар он ҷое рух додааст, ки муҳоҷирон меоянд, муҳоҷироне, ки миллатгароҳои рус алайҳи онҳо ҷангу террорро идома медиҳанд”.

Таркиш – кори дасти ронандаҳои таксӣ?

Максим Шевченко алайҳи ягон “наркобарон” ва ё фарди дигаре аз олами ҷиноӣ равона шудани таркиши “Домодедово”-ро ҳам баъйид намедонад. Зимнан, ба имкони пайванди таркиши “Домодедово” бо рақобат дар олами ҷиноӣ дигар коршиносон ҳам ишора кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Каромат Шарифов, раиси “Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия”, ин ҳодисаро бо ихтилофи ронандаҳои таксии Маскав бо он ронандаҳои таксии тоҷик рабт медиҳад, ки солҳои ахир теъдодашон ба карат афзудааст ва, аз нигоҳи ронандаҳои рус, нони даҳони онҳоро зада гирифтанианд. Ӯ мегӯяд, ки “ронандаҳои таксии маҳаллӣ ҳама вақт нархро боло мебардоранд. Тоҷикҳо, ки дар Маскав шумораашон зиёд шудааст ва аз 25 то 30 ҳазор ронандаҳои таксии тоҷик дар Маскаву вилояти Маскав ҳастанд, хешу табори ҳамшаҳриҳои худро бо нархи арзон то “Домодедово” ё аз он ҷо то марказ мебаранд. Ронандаҳои рус аз ин ба хашм омадаанд ва барои он ки шумораи ронандаҳои такси аз дигар миллатҳо зиёд нашавад, таркишро ташкил кардаанд.”

Вале Файзиддин, як ронандаи тоҷики муқими Маскав, аз низоъи ронандаҳои бумӣ бо ронандаҳои тоҷик изҳори бехабарӣ мекунад ва мегӯяд, аксари ронандаҳои тоҷик ҳамроҳ бо нафаре аз ҳамватанҳо фақат барои овардани фарди мушаххас ба фурудгоҳ мераванд ва гумон аст, ки ин боиси нигарониву нороҳатии ронандаҳои русу озарӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ, “ронандаҳои тоҷик ҳеҷ вақт аз пайи мусофирон намедаванд ва ҳамеша ҳамшаҳриҳои худро ба фурудгоҳ мебаранд ва дар бозгашт касеро ёбанд ё наёбанд, ба манзилашон бармегарданд”.

Озори дубораи ғайрирусҳо шурӯъ мешавад?

Фурудгоҳи “Домодедово”, аз нигоҳи коршиносон, воқеъан ҳам солҳо боз як мавзеъи кашмакаши гурӯҳҳои ҷиноӣ ва фасоду ришват боқӣ мемонад. Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки борҳо мавзӯъи ришватситонии кормандони милисаи фурудгоҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ба миён гузошта буд ва фақат баъди таркиш гурӯҳи кормандони милисаи “Домодедово” боздошт шуданд

Таркиш дар фурудгоҳи “Домодедово”, ба гуфтаи таҳлилгарон, шояд боиси хуруҷи нави адовати қавмӣ дар Русия шавад. Онҳо мегӯянд, ки сару садоҳо дар бораи даст доштани мардуми қафқозӣ дар ин ҳодиса шояд бархе аз гурӯҳҳои нажодпарастро барои ҳамлаҳои нав болои мардуми ғайриславянӣ таҳрик диҳад.

Нашрияи олмонии Frankfurter Rundschau навиштааст, ки шурӯъ аз соли 1999 дар ҳама гуна ҳамлаҳои террористӣ чеченҳову ингушҳо ва доғистониҳо мавриди шубҳа қарор мегиранд ва аксар вақт издиҳоми русҳои бахурӯшомада худсарона ба муҷозоти ғайриславяниҳо - қафқозиҳову мардуми Осиёи Марказӣ шурӯъ мекунанд.

Абдулмаҷид Достиев ҳам имкони афзоиши фишор болои тоҷикони муқими Русияро байид намедонад ва мегӯяд, ба вижа онҳое, ки ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунанд, шояд боздошт ва ба ватан баргардонида шаванд.
XS
SM
MD
LG