Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи шаҳри Душанбе як шаҳрванди Тоҷикистонро ба 28 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ба гуфтаи масъулони додгоҳи шаҳри Душанбе, таҳқиқи парванда собит кардааст, ки Ҳалим Исоев, сокини 26 солаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, аз ҷумлаи афродест, ки дар тобистони соли гузашта кӯшиши созмондиҳии таркиш дар пойгоҳи низомии лашкари 201-и Русия дар Тоҷикистонро доштааст.

Зеро ба гуфтаи масъулони додгоҳ, таҳқиқи парвандаи Исоев мушаххас кардааст, ки ба ҳангоми боздошт, аз ӯ маводи таркандаи худсохт кашфу мусодира шудааст.

Зимнан, Ҳалим Исоев моҳи августи соли гузашта боздошт шуда буд ва бар асоси се банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои тероризм, созмон додани гурӯҳи ҷиноӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ, муттаҳам дониста мешуд.

Тибқи иттилои манобеъи сохторҳои қудратӣ, Ҳалим Исоев, яке аз таълимдидагони пойгоҳҳои терористӣ дар деҳаи Порвоги ноҳияи Рашт буда, ки шеваҳои ҷангӣ ва фаъолиятҳои чирикиро омӯхтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG