Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони ҷавони шоҳмоти Душанбе муайян шуданд


Мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони шаҳри Душанбе, ки тӯли ҳашт рӯз идома кард, 28-уми январ ба анҷом расид.

Сардовари ин мусобиқа Саодат Одинаева, мураббии мактаби махсуси шоҳмоти Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт: «Мусобиқа дар шаш гурӯҳ сурат гирифт ва дар рақобатҳо 72 шатранҷбози синнашон аз 8 то 20-сола ширкат варзиданд. Байни шатранҷбозони то 20-сола Асила Мӯҳтоҷзода миёни духтарон ва Самандари Мирзоалӣ байни навҷавонон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Инчунин Мутрибаи Илҳом, Сарвиноз Каримова, Юлдуз Орифова, Озода Мирзоева ва Афсонаи Мунавварзод миёни духтарон, Умар ва Эраҷ Насриддиновҳо, Аминҷон Қобилов, Синои Илҳом ва Манучеҳр Солеҳов байни писарон мувофиқи синну соли худ ғолиб шуданд».

Хонум Одинаева афзуд, ғолибони мусобиқаи шаҳрӣ ҳуқуқ пайдо карданд дар мусобиқаи ҷумҳуриявии шатранҷбозони ҷавон, ки моҳи март дар пойтахти кишвар – шаҳриДушанбе баргузор мешавад, иштирок намоянд.
XS
SM
MD
LG