Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ӯрдун ҳам тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд


Имрӯз ҳазорон нафар дар Уммон, пойтахти Ӯрдун ва шаҳрҳои дигари кишвар бо талаби ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва истеъфои ҳукумат тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд. Ҳудуди 3 ҳазор нафар бо раҳпаймоӣ дар маркази Уммон ба тарафдории тазоҳургарон дар Миср шиор доданд. Ба гуфтаи полиси Ӯрдун, дар шаҳрҳои Арбид ва Карак ҳам 2 ҳазор нафар бо даъвати созмони Ихвонулмуслимин ба раҳпаймоӣ баромадаанд. Ҷумъави саввум аст, ки бо илҳом аз тазоҳурот дар Тунис ва Миср дар Ӯрдун тазоҳурот сурат мегирад. Абдуллоҳ шоҳи ин кишвар ваъда додааст, ки ислоҳоте анҷом хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG