Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нелсон Манделаро аз шифохона ҷавоб доданд


Нелсон Мандела, раиси ҷумҳури собиқ ва раҳбар ва намоди мубориза бо табъизи нажодӣ дар Африқои Ҷанубӣ аз шифохона ҷавоб додаанд. Кгалема Мотланте, муовини раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ дар нишасти хабарие дар шаҳри Йоҳаннесбург гуфт, вазъи саломатӣ ва равонии Нелсон Манделла хуб аст. Ви Ҷей Рамлакан, сартабиби Африқои Ҷанубӣ гуфт, баъди табобати бемории роҳи нафаси Манделлаи 92-сола ӯро ба хонааш фиристодаанд:"Ӯ чанде пеш, гирифтори бемории сироятии роҳҳои нафас шуд ва баъди табобат, шифо ёфт. Вазъи саломатиаш мӯътадил аст, вале муоинаашро идома хоҳем дод." Нелсон Мандела, нахустин раиси ҷумҳури мунтахаби сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ рӯзи чаҳоршанбе ба шифохона интиқол ёфт. Ӯ 27 соли умрашро дар зиндон сипарӣ карда ва дар онҷо аз бемории сил ранҷ кашидааст.
XS
SM
MD
LG