Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар шаҳрҳои Миср ба хушунат печид


Тазоҳуроти зиддиҳукуматии ҳазорон нафар алайҳи Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури Миср, дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар ба бархӯрд бо кормандони полис печид. Бино ба гузоришҳо, дар маркази шаҳри Қоҳира маъмурони амниятӣ барои пароканда кардани тазоҳургарон, ки ба сӯи онҳо санг меандохтанд, аз тирҳои резинӣ, гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода мекарданд. Бархӯрд дар назди масҷиде ҳам сурат гирифтааст, ки дар онҷо Муҳаммад Ал-Бародаӣ, барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел ва як пешвои мухолифон ба намози ҷумъа рафтааст. Дар шаҳрҳои дигари Миср, аз ҷумла шаҳри бандарии Искандароя низ ҳазорон тазоҳургар бо кормандони полис бархӯрд кардаанд. Мисли дигар кишварҳои Ховари Миёна, мисриҳо низ аз болоравии қимати хона, бекорӣ ва ҳукуматдории худкома ба хашм омадаанд. Аз рӯзи сешанбе то кунун баъди оғози тазоҳурот дар Миср 7 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG