Пайвандҳои дастрасӣ

Назарбоев: "То нерӯ дорам, кор мекунам."


Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон дар паёмаш ба мардум гуфт, то замоне нерӯву тавон дорад ва ба ӯ иҷоза медиҳанд, дар мақоми раиси ҷумҳурӣ кор хоҳад кард. Порлумони Қазоқистон аввали ҳамин моҳ, қарори баргузории раъйпурсӣ барои тамдиди раёсати ҷумҳури Нурсултон Назарбоев то соли 2020-ро тасвиб кард, ки аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико танқид шуд. Интизор мерафт, ки Назарбоев, ин қарорро имзо кунад, аммо ӯ санадии мазкурро барои арзёбии ҳуқуқӣ ба Додгоҳи Қонуни Асосии Қазоқистон фиристод. Назарбоеви 70-сола ду даҳсола боз раиси ҷумҳури Қазоқистон аст.
XS
SM
MD
LG