Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои пажӯҳиши низоъҳои Қирғизистон нашр мешавад


Раиси кумиссиёни байналмилалии пажӯҳиши муноқишаҳои қавмӣ дар Қирғизистон гуфт, натиҷаҳои ин пажӯҳиш моҳи март эълом хоҳад шуд. Киммо Килюнен, фиристодаи махсуси Маҷмаъи Порлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Осиёи Марказӣ гуфт, дар ҷараёни пажӯҳиш, ки моҳи октябр шурӯъ шуд, тақрибан бо 500 нафар дар дохилу хориҷи Қирғизистон гуфтӯгу кардаанд. Ӯ афзуд, таҳлили иттилоъоти гирдоваришуда доир ба муноқишаҳои моҳи июн, ки дасти кам 426 нафар кушт, идома дорад: "Ҳадафи мо комилан рӯшан аст. Мо мекӯшем масъаларо бетарафона таҳқиқ кунем ва бубинем, ки чӣ иттифоқ афтод ва чаро иттифоқ афтод? Ҳамчунин барои оштии тарафҳо тавсияҳо хоҳем дод. Мо саъй хоҳем кард, ба ҳадди мумкин бетараф бошем." Киммо Килюнен гуфт, умедвор аст, гузориши кумиссиён равобити ӯзбаку қирғизҳоро, ки таниш ҳанӯз ҳам дар миёнашон зиёд аст, дуруст кунад.
XS
SM
MD
LG