Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсарро барои беэҳтиромӣ ба забони украинӣ аз кор ронданд


Дар Украина як афсари пулисро барои беэҳтиромӣ ва тавҳин ба забони расмии кишвар аз кор рондаанд. Рӯзи шанбеи гузашта дар торнамои Ю тюб навори моҷарои ин афсар бо ронандаи украиние нашр шуд, ки дар он сержанти пулис дар посух ба дархости ронанда барои сӯҳбат ба забони украинӣ мегуяд, ки “Ман забони говҳоро намефаҳмам”. Ин афсар, худро Шветс муаррифӣ карда мегӯяд, ҳеҷ гоҳ забони украиниро дӯст нахоҳад дошт. Вазорати умури дохилии Украина гуфт, навори пахшшуда дар Ю Тюб ҳақиқӣ аст ва бар замми рондани сержанти милиса аз кор, чанд раҳбари ӯро ҳам барои тарбияи нодурусти афсар танбеҳ додаанд.
XS
SM
MD
LG