Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико алайҳи Минск таҳрими бештар ҷорӣ хоҳад кард


Як мақоми аршади вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки Вошингтон дар посух ба саркӯбии фаъолони демократ алайҳи Беларус таҳримоти шадид эъмол карда, пуштибонии молиаш аз ҷомиаи шаҳрвандии он кишварро баръакс афзоиш хоҳад дод.
Ёвари вазири хориҷаи Амрико Филип Гордон дар ҷараёни муҳокимаи вазъи Беларус дар кумитаи равобити хориҷии Сенат ҳамчунин гуфт, таҳримот ширкатҳо ва атбоъи Амрикоро аз муомила бо ду ширкати марбут ба “Белнефтехим”, бузургтарин ширкати саноати нафту кимиёи Беларус манъ хоҳад кард.
Қарор аст, манъи ироаи раводиди сафар ба мақомоти Минск низ густариш дода шавад. Раҳбари Беларус Аляксандр Лукашенко баъди эълони пирӯзиаш дар интихоботи пурбаҳси 19 декабр тазоҳуроти мухолифинро башиддат саркӯб кард ва аксари рақибони интихоботиашро ба зиндон андохт.
XS
SM
MD
LG