Пайвандҳои дастрасӣ

Як амрикоӣ дар Покистон ба куштор айбдор шуд


Пулиси Покистон як корманди консулгарии Амрикоро ба қатли ду ронандаи мотосикл дар шаҳри Лоҳур айбдор кард. Вазири адлияи вилояти Панҷоб Раъно Сонеъуллоҳ гуфт, ҳалокати нафари севвум дар ин тасодум низ ҷиноят шинохта шудааст. Қаблан раҳбари пулиси Лоҳур Аслам Тарин гуфт, ин амрикоӣ дар бахши амнияти консулгарист, ки дар як чорроҳа ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳони савори мотосикл қарор гирифта, ба гуфтаи худи ӯ, ба хотири дифоъ аз ҷонаш тир кушодааст.
XS
SM
MD
LG