Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср - дар пешорӯи эътирозҳои боз ҳам густардатар


Интизор меравад, эътирозҳо бо талаби барканории раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак имрӯз густариш биёбад. Созмондиҳандагон умедворанд, ки баъд аз адои намози ҷумъа даҳҳо ҳазор нафар ба раҳпаймоиҳо дар саросари Миср ҳамроҳ хоҳанд шуд. Дирӯз барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ва раиси собиқи Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ Муҳаммад Бародаӣ ва ҳизби мухолифи Ихвонулмуслимин низ пуштибонии худ аз эътирозгаронро изҳор доштанд. Бародаӣ, ки ба хотири пайвастан ба тазоҳурот аз Вена ба Қоҳира баргашт, гуфт, омода ҳаст давраи гузариш дар Мисрро раҳбарӣ кунад. Тайи се рӯзи эътирозҳо алайҳи ҳукумати сисолаи Ҳуснӣ Муборак дар Миср дастикам 6 нафар кушта ва ҳудуди 1000 эътирозгар боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG