Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори бекорони расмӣ 48 000 будааст


Вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 48 700 нафар, ё 2,3 дарсад аз ҷамъи аҳолии қобили кори ин кишвар расман ҳамчун бекор сабти ном шудаанд. Ҷамъи аҳолии қобили кор дар Тоҷикистон 2 миллиону 153 ҳазор нафар баршумурда шудааст. Бино ба омори ин вазорат, маоши миёна коргарони кироя дар Тоҷикистон дар соли гузашта 16 дарсад афзуда, 348 сомониро ташкил дод. Бино ба омори расмӣ, дар соли 2010 аз Тоҷикистон 735 000 нафар барои мардикорӣ ба хориҷ рафтаанд.
XS
SM
MD
LG