Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳвили ҷанозаи ду куштаи "Домодедово" ба Душанбе


Ҷанозаи ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки рӯзи 24 январ дар бомбгузории хунин дар фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав кушта шуданд, дирӯз аз Русия ба Душанбе оварданд. Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи “Душанбе” гуфт, ҳарду ҷанозаро ба пайвандони онҳо таслим кардаанд.
Дар таркиши “Домодедово” ду шаҳрванди Тоҷикистон – Собир Ҷабборов ва Мурод Ҳақназаров – кушта шуда, бино ба охирин оморҳо, 19 тан аз атбоъи дигари Тоҷикистон дар ин инфиҷор ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG