Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Бағдод 48 нафар кушта шуданд


Мақомоти Ироқ мегӯянд, дирӯз бар асари таркидани мошини бомбгузоришуда дар як маросими дафн 48 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Мошини таркида дар як минтақаи умдатан шиъанишини Бағдод дар қаторҳои мошинҳои мардуми азодор дар наздикии маҳалли маросими мотам гузошта шуда буд. Тайи як ҳафтаи бомбгузориҳо дар Ироқ наздики 200 нафар кушта шуданд, ки нигарониҳо дар бораи бурузи хушунатҳо дар арафаи омодагии нирӯҳои Амрико барои хуруҷ аз Ироқро, ки то поёни соли ҷорӣ бояд анҷом шавад, афзоиш медиҳад.
XS
SM
MD
LG