Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон нафар истеъфои раҳбари Яманро талаб карданд


Ҳазорон эътирозгар дирӯз дар пойтахти Яман истеъфои раиси ин ҷумҳуриро талаб карданд. Тазоҳургарон дар дастикам 4 минтақаи мухталифи Санъо гирдиҳам омаданд. Хабаргузории Reuters мегӯяд, танҳо дар ҳошияи донишгоҳи Санъо дастикам 10 000 нафар ва дар манотиқи дигари пойтахти Яман беш аз 6 000 тани дигар тазоҳурот кардаанд. Онҳо шиорҳои зидди давлат зада, ба барканории раҳбари худкомаи Тунис ишора мекарданд.
Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ аз соли 1978, инак 33 сол боз бар ин кишвари фақири ҷануби нимқораи Араб ҳукумат меронад. Раисиҷумҳури Тунис Зайналобуддин Бен Алӣ рӯзи 14 январ баъди 23 соли раёсат дар натиҷаи эътирози мардум аз кишвар фирор кард.
XS
SM
MD
LG