Пайвандҳои дастрасӣ

Бародаӣ ба Мисри ғарқи эътирозҳо бармегардад


Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ва раиси собиқи Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ Муҳаммад Бародай ба Қоҳира баргашт, то ба эътирозҳои зидди ҳукумати сисолаи раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак бипайвандад. Бародаӣ дирӯз қабл аз тарки Вена ба қасди Қоҳира гуфт, омода ҳаст давраи гузариш дар Мисрро раҳбарӣ кунад.
Бо ин ҳол, дирӯз, дар рӯзи севвуми эътирозҳо пулиси Миср бо тазоҳургарон дар чандин шаҳр вориди даргирӣ шуд. Нирӯҳои амниятӣ як эътирозгарро дар шаҳри Синай ба ҳалокат расонданд. Пулис дар Суетс алайҳи эътирозгарон аз тирҳои резинӣ ва газҳои ашковар истифода бурд. Дар Исмоилия низ алайҳи эътирозгарон аз гази ашковар истифода шуда, издиҳом бо нирӯҳои пулис даргир шуданд. Тайи 3 рӯзи эътирозҳо дар Миср дастикам 6 нафар кушта ва то 1000 эътирозгар боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG