Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯе бо сафири Тоҷикистон дар Русия, Абдулмаҷид Достиев дар робита ба пайомадҳои таркиши "Домодедово".

Зиёда аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон дар таркиши фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав захмӣ шуда, ду нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Сафири Тоҷикистон дар Федерасиюни Русия Абдулмаҷид Достиев истироҳати худро қатъ карда, ба Маскав баргашт ва дар рӯзи дувуми воқеа аз захмиёни тоҷик дар бемористонҳои Маскав аёдат кард.

Гуфтугӯи мо бо ҷаноби Достиев аз ҳамин аёдат сар шуд ва нахуст пурсидем, вазъи ҳамватанони захмии мо дар бемористонҳои Маскав чӣ гуна аст?

Абдулмаҷид Достиев: "Ду нафар аз шаҳрвандони мо дар ин ҳодиса фавтиданд ва мо тобути онҳоро ба ватан интиқол додем. Боқӣ, 19 нафар аз шаҳрвандони мо осеб дидаву ҷароҳат бардоштаанд. Онҳо дар нӯҳ беморхонаи шаҳри Маскав ҷо шуда, табобат мегиранд. Шояд донед, ки ман дар замони вуқӯи ин ҳодиса дар рухсатии меҳнатӣ будам. Бегоҳӣ фаҳмидам. Саҳари 25-уми январ парвоз карда, омадам ва пас аз нисфирӯзӣ аз ҳоли ҳамватанон хабар гирифтем.

Имрӯз ду нафари дигарро, ки дар беморхонаи Одинсово ва госпитали ҳарбии шаҳри Маскав буданд, хабар гирифтам. Шукри худо, саломатии 18 нафар аз ин осебдидагон хуб аст, хавфе нест. Аммо вазъи як нафар дар Маркази тиббии ба номи Бурденко аз ҳад зиёд бад аст. Аз рӯзи бистарӣ шуданаш тамоми чораҳои тиббӣ, ҷарроҳиро гузарониданд. Осеби мағзи сар дидааст, беёд дар он ҷо хобидааст. Дигар ҳамаи ҳамватанонамон саломатии мӯътадил доранд. Мувофиқи гуфти табибон, хатаре ба ҷонашон таҳдид намекунад. Ҳоло дар реаниматсияи ёрии тиббӣ оид ба бемориҳои вазнин Силманов Муносибатшоҳ мондаасту халос. Дигарон ба палатаҳои умумӣ гузаронида шудаанд.

Ҳангоми сӯҳбат бо табибон ва худи беморон ба хулосае омадем, ки тамоми мақомоти расмии Русия ба ҳамватанони мо муносибати хуб доранд ва нигоҳубин ва табобаташон баробари шаҳрвандони худи ин кишвар хуб ба роҳ монда шудааст. Аз номи ҳамватанон тавассути Радиои Озодӣ метавонам барои кормандони соҳаи тандурустии ин кишвар ташаккур кунам. "

Озодӣ: Ин кореро, ки Шумо ба унвони сафири Тоҷикистон дар Русия анҷом додед, ё хеле кам дар кори дипломатҳои мо ба амал омадааст ва ё тақрибан ба амал наомадааст. Худи ҳамин ки шумо рафтед ва аз осебдидагон хабар гирифтед, инро чӣ меҳисобед?

Достиев: Ин вазифаи мост, бародар. Ҳамаи шаҳрвандоне, ки хоҳ барои муҳоҷирати корӣ, таҳсил, тамошо ба ин кишвар омаданд ва гирифторие дошта бошанд, ин вазифаи ҷонии сафорати Тоҷикистон ва хадамоти консулии сафорат аст, ки аз аҳволи онҳо бохабар бошем. Бахусус, дар ин ҳолате, ки бегуноҳ аз ҷониби ҷинояткоре, ки кораш на ба ҳеҷ дину қонуну меъёри инсонгарӣ рост намеояд, осеб дидаанд. Ин вазифаи мост. Ҳамаи мо фарзанд дорем, бародар дорем. Дар ин ҷо ҳамватанони мо аз мо дида наздиктар касе надоранд.

Озодӣ: Шумо гуфтед, ки муносибати мақомоти Русия дар ҳама сатҳҳо ба шаҳрвандони мо хуб буд. Аммо дар ҳамаи ин вақт расонаҳои Русия агар мегӯянд, ки хориҷиён ҳам дар байни қурбониён буданд, ҳиҷ вақт аз тоҷикон ном намебурданд. Масалан, аз бритониёиҳо, аз булғорҳо ном мебурданд, аммо аз тоҷикҳо не. Оё сафорат зарур медонист, ки аз ибтидо бо як изҳороти расмӣ ба ҳукумати Русия ҳамдардӣ кунад ва дар бораи шаҳрвандони худаш низ сӯҳбат кунад, ки дар ин ҷо қурбон шудаанд?

Абдулмаҷид Достиев: "Мумкин шумо расонаҳоеро гирифтаед, ки дар ин бора чизе нагуфтаанд. Мо ба он такя мекунем, ки дирӯз дар баромади худ президенти Русия, Дмитрий Медведев, дар Давос дар қатори дигар кишварҳо қабл аз ҳама Тоҷикистонро номбар кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон қурбон шудаанд. Гуфтугӯйи телефонии он кас бо президенти мо, Эмомалӣ Раҳмон, баргузор гардид. Номаи таслияти президенти мо ба Медведев расид. Дар он ҷо таъкид мешуд, ки ин гувоҳи он аст, ки бояд кишварҳои аъзои созмони зидди террористӣ беҳтар кор кунанд. Ба фикрам, дар ин ҷо дар ҳама расонаҳои расмии Русия дар қатори дигар шаҳрвандон яке аз аввалинҳо шуда, кишвари моро ном бар мекунанд.

Озодӣ: Ҳукумати Русия гуфтааст, ба қурбониёни воқеа кӯмак мекунад, ба захмиён ва бозмондагони онҳое, ки дар ин ҳамлаи марговар қурбон шуданд. Вале мақомоти Тоҷикистон оё дар ин бора тасмиме доранд? Албатта, ин хабар ҳаст, ки ҷасади ду ҳамватани кушташудаи мо аз тарафи сафорати Тоҷикистон ба ватан фиристода шуданд, аммо манзур бештар онҳоест, ки ба хотири даромад ва таъмини оилаҳои худ ба Русия омадаанд ва акнун шояд маъюбу маълул бозгашта, аз имкони кор маҳрум шаванд.

Абдулмаҷид Достиев: "Аввалан, дар робита ба кӯмакҳое, ки кишвари сукунати мо барои осебзадагон муайян кардааст, гуфтаниям, ки ҳамаи ин кӯмакҳо ба ҳақдорон хоҳад расид. Мо ин таҷрибаро дар гузашта дар таркишҳо дар ду истгоҳи метро соли гузашта доштем. Дар он рӯйдодҳо ду шаҳрванди мо кушта шуданд. Тамоми он кӯмаку имтиёзҳоеро, ки кишвари Русия ба шаҳрвандони худ муайян карда буд, ба ин ду шаҳрванди кишвари мо низ тааллуқ дошт бо талошҳои зиёди хадамоти консулии сафорати мо ба хонаводаи қурбониён дастрас шуда буд. Дар ин воқеа низ ҳамин гуна хоҳад шуд. Албатта, мо баъзе гирифториҳо низ дорем, аз ҷумла зарур хоҳад омад, ки кормандони масъули хадамоти консулгарӣ биншинанд ва барои мақомоти марбути Русия аснод омода кунанд. Мо машғули ин ҳастем ва бовар дорам, ягон мушкиле пеш нахоҳад омад. Ҳарчанд инро ҳам бигӯям, ки баъзе аз ҳамватанони мо мумкин душаҳрвандӣ доранд ва ё баъзеи онҳо сабтином надоранд ва ҷои иқоматашон маълум нест, вале тамоми талошро мекунем, ки масъала ба таври мусбат ҳал шавад.

Имрӯз се нафари дигар омаданд, ки низ ҳангоми таркиш дар фурудгоҳи "Домодедово буданд, вале дар гармогармӣ дардеро ҳис накардаанд ва танҳо акнун осори бад дар ҷисми онҳо пайдо шудааст. Мо якҷо бо Вазорати умури изтирории Русия онҳоро барои муоина ва ташхис ба бемористон фиристодем, онҳо низ ба рӯйихатти умумӣ шомил мешаванд.

Дар бораи ёриҳои кишвари мо бошад, мо аз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон супориш гирифтем, ки бояд барои осон кардани мушкили ҳамватанон аз ҳамаи чораҳо истифода намоем. Мо ин супоришро иҷро мекунем, Масалан, ҳарчанд ин кишвар барои хешу наздикони осебрасидагон як меҳмонхонаи муҷаҳҳази Маскавро таъин кардааст, аммо азбаски он аз Маркази ба номи Бурденко дуртар аст, мо хешу наздикони он бародарро дар меҳмонсарои давлатии Тоҷикистон ҷой додем, зеро ин ҷо наздиктар аст. Ба ғайр аз ин тамоми чораҳоро мебинем, ки барои шаҳрвандони мо мушкиле пеш наояд. Масалан, барои интиқоли ин ё он бемор ба ватан ё овардани хешу наздикони осебдидагон ва монанди инҳо. Ман бовар дорам, ҳукумати мо дар ин кор чизеро дареғ нахоҳад дошт ва ягон нафар бе ёрии ҳукумати кишвар нахоҳад монд."

Озодӣ: Саволи охирин, ҷаноби сафир. Бисёриҳо изҳори ташвиш мекунанд, ки ин воқеа, яъне таркиш дар фурудгоҳи "Домодедово" метавонад, вазъи муҳоҷирони тоҷикро, ки садҳо ҳазор нафар аз онҳо дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, бадтар кунад, онҳоро дар ҷомеае, ки хашму ғазаб дар он боло рафтааст, зери гумону шубҳа ва фишор қарор диҳад. Назари Шумо чист?

Абдулмаҷид Достиев: "Ман фикр мекунам, ки як дараҷа таъсир хоҳад расонд. Махсусан, ба онҳое ки ҳуҷҷатҳои комил надоранд ва ба онҳое, ки ҳаққу ҳуқуқи худро намедонанд. Лекин ба онҳое, ки бо риояи қонунҳои ин кишвар, бино бар меъёрҳои созиши байни ду давлат дар ин ҷо ба сар мебаранд, таъсире надорад. Мақомоти Русия мегӯянд, тафтиш дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан ва ҷойҳои ҷамъиятӣ шиддат мегирад. Дар ин бора ба мақомоти интизомии Русия дастур дода шудааст. Ин, албатта, бетаъсир намемонад.

Биноан, ба воситаи Радиои Озодӣ аз ҳамаи ҳамватанон хоҳиш мекунам, ки ба ҳуҷҷатҳои худ бештар ва ҷиддитар муносибат кунанд, ки ягон баҳонае барои боздошт шудани онҳо боқӣ намонад. Сониян, ҳарчанд ин вазифаи сафир нест, мо бисёр вақт бо кормандони амниятии фурудгоҳ баҳс мекардем, ки ҳамватанони моро баҳудаву беҳуда азият медоданд, баҳонаҷӯӣ мекарданд. Агар шунида бошед, бархе аз онҳоро доштанд ва муҳокима карданд ва гуфтанд, ки онҳо аз мусофирони Осиёи Марказӣ пули муайян меситонданд. Шояд бар асри ин онҳо як дараҷа тарс пайдо кунанд ва аз фишору ғорати ҳамватанони мо худдорӣ кунанд. Вале ин чунин маъно надорад, ки ҳуҷҷати шаҳрвандонро ҷиддитар тафтиш ва бозҷӯӣ нахоҳанд кард. Ҳамаи ин бетаъсир намемонад, албатта.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG