Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Украина Юлия Тимошенкоро бештар муттаҳам карданд


Имрӯз додситонии Украина гуфт, ки бар зидди Юлия Тимошенко-нахуствазири собиқи Украина барои сӯистифода аз мақом парванда боз кардааст. Додситонӣ дар изҳороте гуфтааст, ки хонум Тимошенко ҳангоми харидории 1000 мошини ёрии таъҷилии навъи Опел Комбо аз чаҳорчӯбаи салоҳиятҳои худ фаротар пой гузоштааст ва ба Украина 8 миллиону 300 ҳазор доллар зарар расондааст. Дар изҳорот омадааст, ин мошинҳо 20 дарсад гаронтар аз нархи бозор харидорӣ шудаанд. Аммо Тимошенко ин иттиҳомотро қабул надорад.
XS
SM
MD
LG