Пайвандҳои дастрасӣ

Экссон Мобил бо "Роснефт" мувофиқатнома имзо кард


Ширкати "Роснефт"-и Русия дар бораи омӯзиши захоири нафту газ дар Баҳри Сиёҳ бо ширкати Экксон Мобили Амрико мувофиқатнома имзо кард. Ин мувофиқатнома имрӯз дар ҳошияи Маҷмаи иқтисодии ҷаҳон дар Давоси Шветсария имзо шуд. Ду ҷониб гуфтанд, ки барои омӯзиши захоири нафту газ дар масоҳати 11 200 километри мураббаъ дар обҳои Баҳри Сиёҳ ширкати муштарак таъсис хоҳанд дод. Игор Сечин-муовини нахуствазири Русия, ки ҳамзамон раиси ширкати "Роснефт" низ мебошад гуфт, Русия барои сармоягузориҳои хориҷӣ дар бахшҳои нафту гази худ дарҳои худро боз нигоҳ медорад.
XS
SM
MD
LG