Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Миср тазоҳуркунандагон бо полис задухӯрд карданд


Севвумин рӯзи тазоҳуроти эътирозӣ дар минтақаҳои мухталифи Миср идома дорад. Дар ин тазоҳурот дастикам 6 нафар кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо, тақрибан 600 нафар тазоҳуркунандагон дар шаҳри Исмоилия бо полис вориди задухӯрд шуданд. Ҷунбиши ҷавонон бо номи 6-ӯми апрел ва яке аз созмондиҳандагони тазоҳурот тавассути сомонаҳои интернетӣ хабар додааст, ки дар шаҳрҳои Танта ва Искандария воқеъ дар шимоли кишвар тазоҳурот барпо шудааст.Ин созмон рӯзи ҷумъа аҳолиро ба тазоҳуроти густарда даъват кардааст. Аз сӯи дигар, Муҳаммад Бародеӣ-раҳбари пешини Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ, ки яке аз шахсиятҳои мухолифони Миср дониста мешавад, гуфтааст, ки аз Вена ба Миср бармегардад, то дар тазоҳурот ширкат ҷӯяд.
XS
SM
MD
LG