Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳудуди 70 донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов ба ҳайати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дохиланд.

Ин нукта дар гузориши Шодӣ Сафаров, раиси ин донишкада, дар як нишасти матбуотӣ, ки 27-уми январ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, таъкид шуд.

Ҷаноби Сафаров афзуд: "Дари айни ҳол дар чаҳор факултаи донишкада беш аз 3000 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки ба онҳо 167 нафар устодон таълим медиҳанд. Бархе аз донишҷӯёни Донишкадаи варзиш соли гузашта ба Тоҷикистон шӯҳрат оварданд. Масалан, Муродҷон Тӯйчиев дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин дар риштаи гуштии юнониву румӣ барандаи медали биринҷӣ гардид. Мавзуна Чориева дар риштаи бокс ба унвони қаҳрамони Осиё миёни занон даст ёфт. Ҳарду ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол дохил шуданд."

Шодӣ Сафаров, инчунин, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки имсол Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ 40-сола мешавад ва ба ин муносибат, ҳамчунин, бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

Баргузории спартакиадаи донишкада, ки аз рӯи 11 навъи варзиш баргузор хоҳад шуд, аз ҷумлаи онҳост.

Вале дар дар ин нишаст таъкид шуд, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, ки дар Тоҷикистон ягона макони тайёр намудани кадрҳои соҳаи варзиш аст, ба иншооти замонавии варзишӣ, бахусус, ҳавзи шиноварӣ ниёз дорад.

Ҷопон ва Австалия дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2011

Тимҳои миллии футболи Ҷопон ва Австралия ба бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2011, ки дар Қатар ҷараён дорад, роҳ ёфтанд. Ҷопон дар бозии ниманиҳоӣ дар варзишгоҳи Ал-Ғарафаи шаҳри Доҳа бо тими Куриёи Ҷанубӣ рақобат кард.

Замони асосии ин дидор бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар замони изофӣ низ дастаҳо якголӣ ба самар расонданд ва ҳисоб 2:2 шуд. Тақдири роҳхат ба бозии ниҳоиро силсилаи зарбаҳои 11-метра ҳал намуд. Ҷопон аз рӯи пенолти бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд ва ба финал баромад.

Бозии дигари ниманиҳоӣ дар варзишгоҳи Халифаи Доҳа барпо гардид. Мунтахаби Австралия тими Узбакистонро бо ҳисоби бузурги 6:0 шикаст дод. Австралиягиҳо дар нимаи аввали дидор ду гол ва дар нимаи дуввум чаҳор гол заданд.

Ба ин тартиб тимҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Узбакистон, ки дар нимфинал шикаст хӯрданд, 28-уми январ дар варзишгоҳи Ал-Садди Доҳа байни худ барои ҷои саввум талош мекунанд. Дастаҳои Ҷопон ва Австралия бошанд, 29-уми январ дар варзишгоҳи Халифаи пойтахти Қатар дар бозии ниҳоӣ барои ба даст овардани Ҷоми Осиё мубориза хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG