Пайвандҳои дастрасӣ

Зарифӣ: Дар масъалаи марз бо Чин ба далелҳои таърихӣ такя шудааст


Рӯзи панҷшанбе Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти хабарие дар Душанбе роҷеъ ба масъалаҳои марзии миёни Тоҷикистону Чин гуфт, ки вай зимни суханони худ дар порламон аз вожаи "пирӯзӣ" истифода накардааст, зеро ин вожа дар доираҳои дипломатӣ истифода намешавад. Вай гуфт, ҳангоми ҳали ин масъала ҳеҷ як аз ҷонибҳо ба якдигар таҳдид ё фишор ворид накардаанд:

"Ҳеҷ гуна таҳдид ҳеҷ гоҳ аз ҷониби Чин набуд ва мо инро эҳсос накардаем. Сухан дар бораи далелҳои мушаххаси таърихӣ, дар бораи таърихи раванди мушаххаси музокирот дар миён аст, касе ба касе замин надодааст".

Ахиран дар яке аз ҷаласаҳои порламон Ҳамроҳхон Зарифӣ зимни суханони худ аз намояндагони порламон хост, ки аз мувофиқатномаи миёни Тоҷикистону Чин дар бораи додани бештар аз 1000 километри мураббаъ қаламрави Тоҷикистон дар ихтиёри Чин ҷонибдорӣ кунанд. Имрӯз вазири хориҷӣ намунаҳое пешкаш кард, ки ин қаламрав аз 300 сол ба ин сӯ масъалаи мавриди баҳси ҷонибҳо будааст.
XS
SM
MD
LG