Пайвандҳои дастрасӣ

Бар зидди "Азия-Плюс" ба додгоҳ шикоят бурданд


Анвар Тағоймуродов-сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар зидди нашрияи "Азия-Плюс" ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Мавзӯи шикоят як мақолаи мунташира дар ин нашрия дар моҳи декабри соли гузашта будааст. Дар ин мақола омадааст, ки кормандони ин раёсат ва сохторҳои он дар вилояти Суғд ҳангоми бозпурсӣ алайҳи боздоштшудагон аз азияту шиканҷа кор мегиранд. Тағоймуродов дар шикояти худ ба додгоҳ мегӯяд, муаллифи мақола ҳангоми навишти он ба эҳсосот ва бӯҳтон роҳ додааст, ки он эътибори як корманди интизомиро поин мебарад. Тағоймуродов барои чунин таҳқир аз нашрия 1000 сомонӣ ҷубронпулӣ тақозо кардааст.
XS
SM
MD
LG