Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Яман низ тазоҳуроти зиддидавлатӣ шурӯъ шуд


Ҳазорон нафар дар пойтахти Яман ба тазоҳуроти эътирозӣ баромадаанд ва истеъфои раиси ҷумҳури ин кишварро тақозо доранд. Бино ба гузориши хабаргузории Ройтерз, тазоҳуркунандагон дастикам дар чаҳор нуқтаи Санъо-пойтахти ин кишвар гиридиҳам омадаанд, 10 000 нафар дар назди донишгоҳ ва 6 000 нафар дар ҷойҳои дигар. Тазоҳуркунандагон бо ишора ба раиси ҷумҳури барканоршудаи Тунис шиорҳои зиддиҳукуматӣ медиҳанд. Алӣ Абдулло Солеҳ-раиси ҷумҳури Яман аз соли 1978 дар сари қудрат аст. Баъд аз 23 соли ҳукумат Бен Алӣ-раиси ҷумҳури Тунис аз қудрат барканор шуд.
XS
SM
MD
LG