Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз тамоюли фишор ба матбуот


Сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ нашрияи "Азия-Плюс"-ро ба додгоҳ кашида, 1 миллион сомонӣ ҷуброн хостааст.

Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати ҷиноёти созмонёфтаи ВКД зимни даъвои худ гуфтааст, ки дар мақолае дар ҳафтаномаи «Азия плюс» дар ҳаққи ӯ суханони дурӯғ ва таҳқиромез нашр шудааст, ки шаъру шараф ва ҳайсияти ӯро паст мезанад. Аммо масъулини нашрия ва муаллифи мақола ин даъворо рад мекунанд.

"Азиа плюс" боз ба додгоҳ кашида шуд

Мурофиаи пешакӣ аз рӯи даъвои Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати ҷиноёти созмонёфтаи ВКД аз болои ҳафтаномаи «Азия плюс», ки қарор буд имрӯз оғоз шавад, бо хоҳиши ҷониби ҷавобгар ба таъхир гузошта шуд.

Анвар Тағоймуродов даъво дорад, ки дар мақолаи «Тафтишот ё инквизитсия?» аз моҳи декабри соли 2010 шахсияти ӯ ва ҳайсияти корияш паст зада шудааст ва бояд нашрия онро бар ивази 1 миллион сомонӣ ҷуброн кунад. Дар ин мақолаи таҳқиқотии хабарнигор Рамзия Мирзобекова, саҳнаҳое аз шиканҷаи боздоштшудагон тавассути кормандони раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД, аз ҷумла дар вилояти Суғд тасвир шуда буд.

Ин пардакушоӣ аз саҳнаҳои шиканҷа дар мақолаи мазкур бар асоси нақли ҷабрдидаҳо ва санадҳои парвандаҳои ҷиноӣ сурат гирифта буд. Аммо Анвар Тағоймуродов, дар ин мақола мавриди ба иддаои худаш дурӯғ ва таҳқирро нисбат ба шахсияти худаш кашф кардааст ва аз додгоҳ хостори расидагӣ ба қазия ва рӯёндани ҷуброн шудааст.

Сардори раёсати мубориза бо ҷиноёти ВКД дар аризаи даъвогии худ ҳатто таъкид кардааст, ки шояд муаллифи мақола ва хабарнигорони дигар омилони ҳамлаи интиҳории Хуҷандро мешинохтанд ва аз нияти онҳо огаҳӣ доштан ва эҳтимолан бо онҳо ҳамкорӣ доштанд.

"Азия плюс" иддаоро рад мекунад

Аммо муаллифи мақола ва масъулини нашрияи «Азия плюс» ин ҳама даъворо рад мекунанд. Марат Мамадшоев, муҳаррири ин нашрия мегӯяд, ки чунин даъвое асос надорад. Ӯ мегӯяд: «Ин даъво заминаи қонунӣ надорад, ҳатто бо забони давлатӣ пур аз иштибоҳи имлоӣ ва мантиқӣ навишта шудааст. Даъвогар аз мансаби худ истифода кардааст. Гарчанде, ки даъворо аз номи шахси воқеъӣ, яъне аз номи худаш пешниҳод кардааст. Ҷолиб ин аст, ки гӯё ҳайсияту шахсияти раёсати УБОП таҳқир шудааст. Аммо аз ин ҷо бар меояд, ки гӯё онро ба моликияти ҳуқуқии худаш табдил кардааст».

Оё журналистон бо террористон ҳамкорӣ мекунанд?

Дар ҳоле як мақоми аршади вазорати дохилӣ аз журналистон ба унвони ҳамкорони эҳтимолии террористон ном мебарад, ки дар пайи ҳамла ба корвони нерӯҳои вазорати дифоъ ва куштани шудани 26 сарбоз, вазири дифоъи Тоҷикистон низ зимни баёнияе айни чунин даъвоеро матраҳ карда ва гуфта буд, ки журналистон бо амалкарди худ ба гурӯҳҳои террорстӣ кӯмак мекунанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки бархе расонаҳо ҷангҷӯ шудаанд ва ба думболи он чанд нашрия барои як муддат аз нашр боз монданд.

Аз як соли пеш то кунун чанд маврид парванда дар додгоҳҳои Тоҷикистон бар алайҳи нашрияҳои мустақил дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Ва дар ҳамаи мавридҳо даъвогарон аслан мақомоти давлатӣ ҳастанд. Феълан баррасии даъвои се додрас аз болои нашряи «Азия плюс» ва инчунин нашрияҳои «Озодагон» ва «Фараж»дар додгоҳи ноҳияи Сино ҳамчунон идома дорад. Даъвогарон хостори мутавақиф шудани ин нашрияҳо ва пардохти товон ба маблағи 5, 5 миллион сомонӣ шудаанд.

Раванди фишор ба матбуот

Акнун даъвои навбатӣ аз болои «Азия плюс» ва тақозои тавон ва он ҳам аз сӯи як мансабдор, нигаронии маҳофили матбуотиро ба думбол доштааст. Масъулини иттиҳодияҳои хабарнигорӣ мегӯянд, ки даъво аз болои нашрияҳо дар Тоҷикистон дар ҳоли табдил шудан ба як раванд ё тамоюл аст ва он саранҷом бар зарари озодии баён тамом хоҳад шуд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд: «Муроҷиати мардум ва мақомот ба додгоҳ нишонаи мусбат аст, ки шаҳрвандон мехоҳанд низоъро дар чаҳорчӯби қонун ҳал кунанд. Аммо тарафи манфии кор ин аст, ки ҳадафи даъвогарон на рӯи об омадани ҳақиқат ва адолат, балки фишор болои матбуот аст. Аксари даъвоҳо характери худсафедкунӣ дорад. Ва ин паёмади фармони раиси ҷумҳур бар бораи вокуниш ба навиштаҳои матбуот аст. Мутаасифона, дар он фармон шеваи иҷрои он мушаххас нашудааст. Идомаи ин ҳол боиси афзоиши худсензурӣ ва халал ворид шудан ба фаъолияти матбуот мешавад».




Аз моҳи марти соли гузашта ба ин сӯ дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ баҳси вазорати кишоварзӣ бо нашрияи «Миллат» низ идом адорад. Вазири кишоварзии Тоҷикистон даъво дорад, ки ҳафтаномаи "Миллат" бо нашри матлабе зери номи «Вазорати кишварзӣ фасодзадатарин ниҳод» кормандони вазоратро тӯҳмат кардааст ва хостори пардохти як 1 миллион сомонӣ ҷуброн шудааст.

Аммо то кунун додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ яке дигар аз нашрияҳои Тоҷикистон бо номи «Пайкон»-ро дар тӯҳмат ба идораи «Тоҷикстандатр» ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ ҷарима баста аст.

XS
SM
MD
LG