Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди қонуни зидди маҳалгароӣ ва хешутаборбозӣ


Масъуд Собиров

Масъуд Собиров

Ҳизби демократи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар кишвар қонуни манъи маҳалгароӣ ва хешутаборбозӣ ба тасвиб расад. Дар изҳороти ин ҳизб қабули чунин қонун мояи "рушди ҷомеа дар ҳама бахшҳо" номида шудааст. Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократ ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз маҳалгароӣ ва хешутаборбозӣ дар ҳама сохторҳои Тоҷикистон мисли як беморӣ реша давонда, вазъ ба ҷое расидааст, ки зарурати қабули чунин як қонунро ҳатмӣ кардааст. Вай афзуд, қабули ин қонун дар иҷрои қонуни танзими расму анъанаҳо ва ҳамчунин қонун дар бораи масъулияти волидон таъсири мусбат хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG