Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси 300 солаи марзӣ бо Чин ҳал шудааст


Рӯзи панҷшанбе Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти хабарие дар Душанбе роҷеъ ба масъалаҳои марзии миёни Тоҷикистону Чин гуфт, ки вай зимни суханони худ дар порламон аз вожаи "пирӯзӣ" истифода накардааст, зеро ин вожа дар доираҳои дипломатӣ истифода намешавад. Ахиран дар яке аз ҷаласаҳои порламон Ҳамроҳхон Зарифӣ зимни суханони худ аз намояндагони порламон хост, ки аз мувофиқатномаи миёни Тоҷикистону Чин дар бораи додани бештар аз 1000 километри мураббаъ қаламрави Тоҷикистон дар ихтиёри Чин ҷонибдорӣ кунанд. Имрӯз вазири хориҷӣ намунаҳое пешкаш кард, ки ин қаламрав аз 300 сол ба ин сӯ масъалаи мавриди баҳси ҷонибҳо будааст.
XS
SM
MD
LG