Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиш дар фурудгоҳи "Домодедово", ки боис ба кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон низ шуд, аз муҳимтарин матолиби ин ҳафтаи нашрияҳои Душанбест.

"Боз навҳаи "Бачамой ..." баланд шуд", "Ноновари хона", "Тоҷикистониёни кушташуда", "Теракт дар Маскав: тоҷикон фавтиданд" Таҳти ин сарлавҳаҳо бахши аъзами ҳафтномаҳои чопи Душанбе ҳодисаи таркиш дар "Домодедово" ва куштаву захмӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро бо аксҳо ва нигаронӣ аз ваҳшати терроризм ба риштаи тасвир кашидаанд.

"Мардони ватан нонбиёрӣ рафтанд"

"Азия-плюс" бо хабарҳои расмӣ дар робита ба таркиш иктифо намуда, ному насаби ду тан аз кушташудаҳо ва 16 захмишударо бо нишонии пурраашон дарҷ кардааст.

"Миллат" як сафҳаи худро ба ин ҳодисаи маргбор бахшида, изҳори таассуф мекунад, ки тоҷиконро бе ин ҳамалоти террористӣ ҳам скинҳедҳо ё тоссарҳо ва миллатгароёни рус таъқиб мекунанду ба қатл мерасонанд. Ба навиштаи ин ҳафтанома, дар ҳодисаи "Домодедово" низ балои марг ба сари ҳамватанони бечораи мо рехтааст.

"Пайкон" зери сарлавҳаи "Мардони ватан нонбиёрӣ рафтанд" аксҳоеро аз лаҳзаҳои таркиш дар "Домодедоево" дар сафҳаи аввали худ ҷой додааст.

"СССР" ду саҳифаи худро ҳамроҳ бо аксу хабарҳо ба таркиши "Домодедово" ихтисос дода, таъкид мекунад, ки новобаста аз изҳои "қафқози"-ю "исломӣ" мақомоти Русия бояд дастандаркорони аслиии ин воқеаро фош кунанд. Зеро ба навиштаи ин нашрия, Русия дар ростои баргузории як маъракаи муҳими ҷаҳонӣ Олимпиадаи Сочӣ ва Ҷоми ҷаҳон-2018 қарор дорад.

Чаро вазорати муҳоҷирон таъсис нашуд?

"Фараж" дар заминаи ҳодисаи "Домодедово" ба масъалаи таъсиси Хадамоти муҳоҷират ҳам таваҷҷӯҳ намуда, навиштааст, ки бунӣди ин ниҳод бисёр муҳим аст, вале набояд ин идора ба манбаи даромади чанд масъули дигар табдил ёбад.

Ба ҳамин мавзӯъ нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - "Наҷот" низ рӯ оварда, таҳти унвони "Чаро вазорати муҳоҷират таъсис дода нашуд?" зарурати як ниҳоди фарогирро, ки тавонад лашкари муҳоҷирони тоҷик дар Русияро танзим кунад дар миён гузоштааст.

"Нигоҳ" низ ба зарур будани ин хадамот таъкид карда, менависад, ки барои ҳамаҷониба таҳти назорат қарор додани муҳоҷирони корӣ ниҳоди босалоҳиятар, яъне вазорат зарур аст.

Қонунҳои ғайриодии Тоҷикистон

Дар ҳоле ки аз тариқи расонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ баҳси қонуни масъулияти падару модар идома дорад, "Азия Плюс" менависад, Тоҷикистон чанд қонуни ғайриодие қабул кардааст, ки дар ҳеҷ гӯшаи дунё вуҷуд надорад.

Яке қонуни танзими расму оинҳо ва ҳоло -- тарҳи қонуни масъулияти падару модар. Ин ҳафтанома пешниҳод мекунад, ки як қонуни дигари ғайриодӣ ҳам бояд пазируфта шавад ва ин ҳам қонун дар бораи мубориза алайҳи маҳалгароӣ.

Дар ҳамин ҳол, шоир Бозор Собир қабл аз бозгашташ ба Амрико дар сӯҳбат ба нашрияи "Миллат" ба номуассир будани ҳузури аҳзоби сиёсӣ таъкид карда, гуфтааст, аксари ин аҳзоб барои ҷомеаи Тоҷикистон зарур нестанд, бахусус, ҳизби динии наҳзати исломӣ.

Оромгоҳи бузургон дар Лучоб

Дар ҳоле ки ҳафтаномаҳо ба масоили мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон таваҷҷӯуҳ доранд, ҳафтаномаи "СССР" таҳти унвони "Дар бодияи хомӯшони Миллат" аз оромгоҳи Лучоб гузориши муфассале нашр намудааст, ки вазъи ногувори қабри чеҳраҳои фарҳангу ҳунар ва адаби тоҷикро бо аксҳои мухталиф тасвир кардааст.

Ин мақола ба 100-солагии Мирзо Турсунзода, шоир ва қаҳарамони миллии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ба навиштаи ин ҳафтанома, мармари марқади оромгоҳи устод Турсунзода рахна хӯрда, навиштаҳои қабр нохоно шудаанд ва қабри дигар аз шоирону ҳунармандони номовари тоҷик, ки дар ин оромгоҳ ҳастанд ба вайрона табдил шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG