Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қурбониҳои "Домодедово" ба Тоҷикистон оварда шуданд


Ҷасади ду қурбонии инфиҷори фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ба Душанбе интиқол дода шуд. Дар ин бора сухангӯи фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба радиои Озодӣ хабар дод. Собир Ҷабборов ва Мурод Ҳақназаров-шаҳрвандони Тоҷикистон 24-ӯми январ дар инфиҷори фурудгоҳи Домодедово кушта шуданд. Ҷасади Собир Ҷабборов аз фурудгоҳ ба ноҳияи Ваҳдат ва ҷасади Мурод Ҳақназаров ба ноҳияи Ҷиргатол фиристода шуд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ин ҷасадҳо бо кӯмаки молии ҳукумати Тоҷикистон аз Маскав ба Душанбе интиқол дода шудааст. Бино ба хабарҳои ахир, дар инфиҷори Домодедово 19 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд ва 2 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG