Пайвандҳои дастрасӣ

27-январ Рӯзи байналмиллалии ёдбуди Ҳолокост аст


Имрӯз Кристиан Вулф-раиси ҷумҳури Олмон ва Бронислав Коморовский-раиси ҷумҳури Полша барои гиромидошти хотираи қурбониёни Ҳолокости Олмони Нозӣ дар урдугоҳи марги Овшвитси Полша ба бозмондагони Ҳолокост ҳамроҳ хоҳанд шуд. 27-ӯми январ Рӯзи бйналмиллалии ёдбуди қурбониёни Ҳолокост аст. Соли 1945 дар ҳамин рӯз нируҳои Шӯравии собиқ бозмондагонро аз урдугоҳ раҳо карданд. Рӯзи чаҳоршанбе Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил аз мардуми сайора хост, ки аз таҷрубаи Ҳолокост сабақ бигиранд ва ба Эрон-душмани давлати Исроил мухолифат нишон диҳанд. Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон борҳо Ҳолокост ё қатли оми яҳудиҳоро рад кардааст ва онро афсона медонад.
XS
SM
MD
LG