Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи чаҳорум аст, ки таркиши хунин дар фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав дар сархати ахбори муҳими ҷаҳон боқӣ мемонад.

Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дирӯз дар рӯзи аввали кори анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давоси Швейтсария гуфт, ин ҳамлагароне, ки дар паси ин ҳамлаи пурқурбонӣ истодаанд, мехостанд Русияро “ба зону дароваранд.”

Кӣ мехост Русияро ба зону дароварад?

Аммо ин ҳамла, афзуд Медведев, фақат боис ба тақвияти азми мо ҷиҳати пайдо кардани як роҳи муассири ҳимояти байналмилалӣ алайҳи террор шудааст: “Дастандаркорони ин сияҳкорӣ атбоъи кишварҳои мухталифро таҳти зарба қарор дода, қасд доштанд, ки Русияро ба зону дароваранд.”

Дирӯз Дмитрий Медведев раҳбари идораи милисаи нақлиёти вазорати умури дохилаи Русия дар ҳавзаи федеролии марказӣ Андрей Алексеевро аз мақом барканор кард.

Гуфта мешавад, далели барканории ӯ маҳз таркиши хунини рӯзи 24 январ дар фурудгоҳи “Домодедово” аст, ки мунҷар ба ҳалокати 35 нафар шуд. Бино ба хабарҳо, дар ин ҳамла 2 шаҳрванди Тоҷикистон - Ҷабборов Собир ва Ҳақназаров Мурод - кушта шуда ва 13 тан ҷароҳат бардоштанд.

Ҷони Саидбекро кӣ харид?

Сафири Тоҷикистон дар Русия дар аёдати захмиёни таркиш
Ба хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ дар Маскав Умедбеки Бобомат муяссар шуд, бо ду тан аз захмиёни тоҷик дар бемористонҳои пойтахти Русия гуфтугӯ кунад.

Саидбек Искандаров, ки дар бемористони рақами 7 муолиҷа мегирад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки он рӯз тоза аз ҳавопаймои Душанбе-Маскав берун шуда, бағочи худро гирифт ва ба қабати дуввуми бинои фурудгоҳ, ба сӯи толори пешвозгирӣ шитофт, ки садои баланди инфиҷор толорро таккон дод. Саидбек мегӯяд, таркиш дар байни издиҳоми бузурги мардум рух дод ва се нафаре ки пеш аз ӯ истода буданд, аз по афтиданд.

Саидбек Искандаров гуфт, оҳанпораҳои маводи тарканда ӯро аз ноҳияи қошу даст ва пояш захмӣ кард. Ӯ мегӯяд, дар он соат мусофирони ҳавопаймое ҳам, ки аз Лондон омада буд, баробари онҳо берун мерафтанд ва низ тӯъмаи ин ҳамла шуданд. Саидбек мегӯяд, сумкаи дасташ буд, ки бар асари ҳамла тика-тика шуд, вале ҷони ӯро харид.

Ӯ мутмаин аст, ки агар каме зиёдтар шитоб мекард, дар маркази таркиш қарор мегирифт ва гумон буд, ки ҷон ба саломат бубарад. Саидбек Искандаров дар сӯҳбат бо Озодӣ афзуд, дар лаҳазоти қабл аз таркиш якбора ду ҳавопаймо аз Душанбе дар фурудгоҳи “Домодедово” поин шуд ва сабаби зиёд будани шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар байни кушташудаҳо низ зиёд будани онҳо дар байни ҳам мусофирон ва ҳам онҳоест, ки дар он рӯзи наҳс ба пешвози ягон дӯст ё азизи худ ба ин фурудгоҳ расида буданд.

Бахтиёр: "Як пора оҳан ба рӯям зад"

Бахтиёр Ғаффоров, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки худ ҳамагӣ пеш аз Соли нав аз Тоҷикистон омада буд, дар рӯзи 24 январ ба хотири пешвоз гирифтани як дӯсташ, ки ҳамроҳ дар сохтмоне дар вилояти Иваново кор мекунанд, ба “Домодедово” рафта буд.

Ӯ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, инфиҷор ҳамагӣ дар 15 метр фосила аз ҷойи исти ӯ дар толори пешвозгирӣ рух дод ва як пора оҳан ба рӯи ӯ зада, биниашро сӯрох ва хуншор кард.

Бахтиёр мегӯяд, нафасаш дар ҳавлу дуди дохили толор баъди таркиш гирифт ва ба кӯча баромад ва ӯро мошини “Ёрии таъҷилӣ” бор карда, ба бемористони рақами ҳафтуми Маскав бурд. Бахтиёр Ғаффоров мегӯяд, онҳоро дар ин бемористон афроди баландпояи давлати Русия, аз ҷумла шаҳрдори Маскав Сергей Собянин аёдат кардаанд.

Бахтиёр Ғаффоров мегӯяд, ҷасадҳои 10 кушташударо ба чашми худ дидааст ва шукри Худо мегӯяд, ки ғами ду тифли хурдсолашро хӯрд ва ӯро дар он соати шум дар паноҳи худ нигоҳ дошт.

Русия ҷубронпулӣ медиҳад

Сарвазири Русия Владимир Путин гуфтааст, давлати ӯ барои пайвандони ҳар нафари дар “Домодедово” кушташуда 3 миллион рубл, муодили тақрибан 100 000 доллар, ва барои ҳар захмӣ, вобаста ба дараҷаи ҷароҳаташ аз 1 миллион то 1 миллиону 900 ҳазор рубл, мутаносибан муодили 35 000 ва 62 000 доллари амрикоӣ, ҷубронпулӣ ҷудо хоҳад кард.

Албатта, ҳеҷ маблағе наметавонад ҷойи ин қурбониёнро барои пайвандони онҳо пур кунад, вале боз ҳам ҳанӯз маълум нест, ки оё шаҳрвандони дар таркиши “Домодедово” кушташуда ё ҷароҳатбардоштаи Тоҷикистон низ шомили ин барномиа кумаки давлати Русия ҳастанд ё на.

Бо онки аз ин таркиши хунин инак се рӯз гузашт, касе дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав то ҳол ҳозир нашудааст, ба суолҳои ҷамъшудаи хабарнигорон посух бигӯяд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG