Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Human Rights Watch аз додгоҳи Қирғизистон


Human Rights Watch, як гурӯҳи байналмилалии ҳуқуқи башар аз Додгоҳи олии Қирғизистон даъват кард, як парвандаи куштори марбут ба ошӯбҳои қавмии соли гузашта дар Ӯшу Ҷалолободро баргардонад. Ин додгоҳ ба муҳокимаи парвандаи 8 узбак, бо шумули Азимҷон Аскаров, як ҳомии шинохтаи ҳуқуқи башар, оғоз кардааст. Онҳо дар қатли як пулис ва захмӣ кардани чанд афсари дигар дар шаҳри Бозорқӯрғон дар ҷараёни ошӯбҳои моҳи июн айбдор мешаванд. Аммо ҳамаи муттаҳамон мегӯянд, ки дар боздошт таҳти таҳдид ва латукӯб қарор доштанд. Human Rights Watch хоста, ки Додгоҳи олии Қирғизистон ин парвандаро дубора баррасӣ карда, ҷиҳати таҳқиқи мавориди шиканҷа дастур диҳад.
XS
SM
MD
LG