Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон Муборакро ба ислоҳоти фарогир даъват кард


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз Миср, ки муттаҳиди наздики Амрикост, даъват кард, даст ба ислоҳоти фарогир зада, эътирозҳои зидди давлатро саркӯб накунад. Клинтон аз ҳамаи ҷонибҳо хост, то аз хушунат ҷилавгирӣ кунанд. Ӯ ҳамин тавр аз раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак даъват кард, ба ҳарфи мардумаш гӯш диҳад. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки ду рӯз боз дар Миср намоишҳои эътирозӣ алайҳи ҳукумати сисолаи Муборак идома доранд. Тайи ду рӯзи эътирозҳо 5 нафар кушта ва ҳудуди 860 нафар боздошт шуданд. Мақомоти Миср дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии Facebook ва Twitter ва ҳам ба телефонҳои мобил – васоили асосии даъвати мардум ба намоишҳои эътирозиро масдуд кардаанд.
XS
SM
MD
LG