Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корбарони Интернет 2 миллиард нафар шудаанд


СММ мегӯяд, шумори корбарони Интернет дар саросари ҷаҳон ба 2 миллиард нафар расид. Ҳамадун Туре, раҳбари Иттиҳодияи байналмилалии мухобирот, идораи вобаста ба СММ, дар Женева ба хабарнигорон гуфт, теъдоди корбарони телефонҳои мобил низ аз марзи 5 миллиард гузашт. Дар оғози соли 2000 дар ҷаҳон танҳо 500 миллион корбари телефони мобил ва 250 миллион корбари Интернет сабт шуда буд.
Дар кишварҳои СНГ теъдоди корбарони Интернет ба 127 миллион нафар расидааст, ки назар ба соли 2007 қариб 76 миллион нафар бештар аст.
XS
SM
MD
LG