Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳдудиятҳо дар роҳи издивоҷ бо хориҷиён


Тоҷикистон дар роҳи издивоҷи мардони хориҷӣ бо бонувони тоҷик маҳдудиятҳо ҷорӣ кард. Бар асоси тағйироте, ки парлумони ин кишвар ба Қонуни оила ворид кард, атбоъи хориҷӣ танҳо дар сурати як сол зиндагӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва харидории манзил барои ҳамсари ояндаи худ метавонанд ҳаққи издивоҷ бо духтарони тоҷикро ба даст биоранд.
Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин маҳдудиятҳо таъмини нафақаи фарзандонест, ки дар сурати аз ҳам пошидани чунин оила бесаробон мемонанд. Атбоъи Тоҷикистон бештар бо шаҳрвандони Афғонистону Эрон издивоҷ мекунанд, вале солҳои охир ба мардони ғарбӣ ва чиноӣ расидани духтарони тоҷик низ мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG