Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай: Интихобот бе хориҷиҳо шаффофтар хоҳад гузашт


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дирӯз нахустин иҷлоси парлумони ҷадиди кишварашро ифтитоҳ кард. Ӯ дар оғози ин иҷлос гуфт, маъракаҳои муҳиме, чун интихобот, бояд бо дасти худи афғонҳо, бидуни дахолати хориҷиҳо, барпо шаванд. Парлумони Афғонистон 4 моҳ баъд аз интихобот ташкили ҷаласа кард. Карзай мехост оғози фаъолияти Вулусӣ Ҷиргаро як моҳ ақиб андохта, ба додгоҳи вижаи тахаллуфоти интихоботӣ барои баррасии шикоёт фурсати бештар бидиҳад, вале ахиран таҳти фишор аз дохилу хориҷ маҷбур шуд, ба оғози кори он дар 26 январ розӣ шавад. Мунтақидинаш тарс доранд, ки Карзай аз додгоҳи вижа ба манзури аз парлумон рӯфтани рақибони сиёсиаш истифода хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG