Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Судури ҳукми боздошти президенти собиқи Тунис


Вазири адлияи Тунис дастури боздошти раиси барканоршудаи ин ҷумҳурӣ Зайналобуддин Бен Алиро содир кард. Вазири адлия Лазҳар Хебӣ гуфт, Тунис аз Интерпол хостааст, то дар амри боздошти Бен Алӣ, завҷа ва аъзои дигари хонаводаи ӯ кумак кунад. Онҳо дар Тунис ба сирқати моликият ва таҳвили ғайриқонунии асъор ба хориҷ айбдор мешаванд.
Бен Алӣ баъди 23 соли раёсат дар таърихи 14 январ таҳти фишори эътирози мардум Тунисро ба қасди Саудия тарк гуфт.
XS
SM
MD
LG