Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби START аз сӯи парлумони Русия


Маҷлиси болоии парлумони Русия дирӯз паймони нави коҳиши таслиҳоти ҳастаӣ бо Амрикоро тасвиб кард. Шӯрои федеролӣ аз паймони START бо иттифоқи оро пуштибонӣ кардааст. Тасвиби ин қарордод дар қироати севвум ва ниҳоӣ аз сӯи Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия рӯзи сешанбе анҷом шуд. Сенати Амрико паймони коҳиши таслиҳотро ҳанӯз моҳе қабл тасвиб карда буд. Акнун ин паймон барои имзои ниҳоӣ ба раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ироа мешавад.
XS
SM
MD
LG