Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркӯб шудани эътирозҳои ҷадид дар Миср


Дирӯз ҳазорон мисрӣ ҳушдори давлатро сарфи назар карда, дигарбора ба кӯчаҳо рехтанд. Рӯзи дуввуми эътирозҳо дар Миср низ ба даргириҳо бо нирӯҳои пулис печид. Эътирозгарони аксаран ҷавон мунҳал кардани парлумон, демократия ва маоши баландтар ва ҳам истеъфои раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборакро, ки аз соли 1981 инак 30 сол боз бар Миср ҳукумат меронад, талаб мекунанд. Пулис мегӯяд, тайи 2 рӯзи эътирозҳо 860 тан аз тазоҳургаронро дастгир кардааст. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ҳамаи ҷонибҳоро дар Миср ба хештандорӣ даъват кард. Миср як муттаҳиди умдаи Амрико дар Ховари Миёна маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG