Пайвандҳои дастрасӣ

Кушоиши ҷаласаи парлумони нави Афғонистон


Нахустҷалсаи парлумони нави Афғонистон

Нахустҷалсаи парлумони нави Афғонистон

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон имрӯз 26-уми январ дар Кобул ҷаласаи парлумони нави ин кишварро ифтитоҳ кард.

Чаҳор моҳи пеш интихоботи ин парлумон баргузор шуда буд ва то ҳол даъвоҳо дар бораи тақаллуб дар натиҷаҳои интихобот давом дорад. Карзай мехост ҷаласаи ифтитоҳии парлумонро ба таъхир андозад, то додгоҳи вижа ба шикоятҳо расидагӣ ва натиҷаҳоро эълон кунад. Ин додгоҳро раиси ҷумҳур таъсис дода буд. Аммо вакилон Карзайро муттаҳам карданд, ки вай бо ин роҳ мехоҳад баъзе рақибони сиёсиро аз намояндагӣ дар парлумон дур кунад. Бад-ин сабаб онҳо таҳдид карданд, ки ҷаласаро худашон ифтитоҳ мекунанд. Амрико ва СММ низ аз Карзай барои чунин тасмимаш интиқод карданд ва дар ниҳоят зери фишори дохиливу хориҷӣ, Карзай маҷбур шуд ҷаласаро ифтитоҳ кунад.

Дар ҳоле, ки додгоҳи вижаи расидагӣ ба тақаллуб дар натиҷаҳои интихобот хулосаҳои худро эълон накардааст, Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури сиёсии Афғонистон дар посух ба ин пурсиш, ки оқои Карзай дар суханрониаш роҷеъ ба чӣ масоиле сӯҳбат кард, гуфт:

Ҷавоб: Раиси ҷумҳур зимни суханронии худ талош кард, ки роҷеъ ба нукоти ҳассосиятбарангез чизе нагӯяд. Аммо зиёдтар ҳошияронӣ кард, яъне ивази он, ки табрик бигӯяд, ки шумо баранда шудед, шумо намояндагони барҳақи мардум ҳастед. Аз ин гапҳо ҳошия рафт. Танҳо рӯи равобит бо кишварҳои ҳамсояву рӯи иқтисоду рӯи сиёсатҳои ҷаҳониву музокира бо Толибон сӯҳбат кард.

Суол: Шумо фикр мекунед, ки ба ҳар ҳол раиси ҷумҳур маҷбур шуд, ки зери фишори кишварҳои дӯсти Афғонистон, масалан, Амрикову кишварҳои Аврупо ва фишори мухолифони сиёсиаш дар дохилии Афғонистон ҷаласаи парлумони навро ифтитоҳ кунад?

Ҷавоб: Раиси ҷумҳур ҷаласаро бо фишори мухолифони дохилӣ ифтитоҳ накардааст ва намегӯям, ки зери фишор. Оқои Эйкенберӣ, намояндаи СММ ба оқои Карзай амр карданд ва ултиматум доданд ва вай маҷбур шуд.

Суол: Бубинед, чун додгоҳи вижаи расидагӣ ба натиҷаҳои интихобот таъсис ёфтааст ва қарор аст, ки дар бораи ин натиҷаҳо тасмим бигирад. Ҳанӯз ҳам бими он меравад, ки дар сурати тасмим гирифтани ин додгоҳ, баъзе аз ононе, ки баранда эълон шуданд, намояндагии худро дар парлумон аз даст диҳанд?

Ҷавоб: Ман ҳеҷ бовар надорам, ки 400 парвандае, ки дар дасти додгоҳи ихтисосӣ ҳаст, билахира эълон кунад, ки касоне, ки аз тарафи кумисиюни интихоботӣ баранда эълон шудаанд, онҳо баранда ҳастанд ва касоне мухолифин ҳастанд онҳо бозандаанд. Ин кор ҳеҷ имкон надорад. Ман бовар дорам, ки маҳкамаи ихтисосӣ ё додгоҳ як теъдод афродеро, ки аз тарафи кумисиюни интихоботӣ баранда эълон шудаанд, онҳоро аз феҳристи барандагӣ мекашанд ва як идда муътаризин ё мухолифон ба ҳайси намоянда таъин мешаванд.

Суол: Ва фикр мекунед, ки дар он сурат барои курсиҳои холишуда дар парлумон дар баъзе ҳавзаҳо интихоботи дубора сурат хоҳад гирифт?

Ҷавоб: Интихоботи дубора на. Як теъдоди вакилон ҳастанд, ки раъйашон дар бадали пул ба вакили дигар фурӯхта шудааст ва хиёнати миллӣ сурат гирифтааст.

Суол: Ва рӯҳияи намояндагони парлумони нав дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи парлумон чӣ гуна буд?

Ҷавоб: Баъзе аз онҳо хеле хиҷолатзада буданд ва бисёр иштиёқ доштанд, раиси ҷумҳур ҷаласаро ифтитоҳ кунад. Ҳатто имрӯз раиси ҷумҳур ҷаласаи парлумонро қасдан дар толори парлумон ифтитоҳ накард. Дар қонун гуфта шудааст, ки ҷаласаи парлумон дар мақарри парлумон ифтитоҳ мешавад. вале ҷаласаро қасдан дар ҷои дигар ифтитоҳ кард.

Суол: Чаро?

Ҷавоб: Ба хотири он, ки дар Қонуни Асосӣ гуфтааст, ки вакилони мардумӣ дар мақаррашон, яъне дар парлумон бояд ҷаласа кунанд. Ҳоло ҷое, ки ҷаласа ифтитоҳ шуд, дур аз парлумон буд. Он бино ҳам марбут ба яке аз идораҳои амнияти миллӣ буд, раёсати шумораи панҷ мегӯянд.

Суол: Шумо фикр намекунед, ки дар чунин ҳолат як навъ сардӣ миёни парлумон ва дафтари раёсати ҷумҳурӣ ба вуҷуд хоҳад омад ва ин кор саранҷом барои бозсозии Афғонистон шояд монеаҳо эҷод кунд.

Ҷавоб: Бисёр зарар мерасонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG