Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Обама: "Ояндаро ба даст орем!"


Барак Обама мегӯяд, бо ҳадафи ҳифзи пешвоӣ дар саросари дунё Амрико бояд тавонмандиҳои худро таҳким бахшад.

Дар паёми солонааш ба ҳар ду маҷлиси Конгресси ИМА, ки бо номи "State of the Union" маълум аст, Барак Обама лоиҳаи барномаи ташкили ҷойҳои корӣ ва рушдро матраҳ намуд.

Президенти Амрико Барак Обама вазъи имрӯзаи кишварашро бо вазъи Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1957-замони партоби моҳвораи "Спутник" ба фазо, ки амрикоиҳоро ба ихтироъкорӣ илҳом бахшидааст, шабоҳат дод.

Дар паёми солонааш ба ҳар ду маҷлиси Конгресси Амрико Барка Обама лоиҳаи як барномаи фарогири ташкили ҷойҳои корӣ ва рушди Амрикоро пешкаш намуд. Бо назардошти он, ки акнун Маҷлиси намояндагони ИМА зери назорати ҷумҳурихоҳону Сенат таҳти тасарруфи ҳизби демократ аст, президент Обама ба мисли даврони номзадиаш ба Қасри Сафед ҳизбҳоро ба ҳамкорӣ баҳри рушди кишвар даъват кард.

Вай гуфт, “ҳоло масъала пирӯзӣ дар интихобот нест, мо чанде пеш ин маъракаро гузарондем. Ҳозир сухан дар бораи он меравад, ки ҷойҳои кории нав ва бахшҳои нави саноат дар ин кишвар ҷои по хоҳанд ёфт ва ё дар мамлакати дигаре. Масъала ин аст, ки оё заҳмати пурмашаққат ва саноати мардуми мо ҷоизаашро ба даст орад. Масъала рӯи он аст, ки нақши пешвоии Амрикоро ҳифз хоҳем кард? Ин пешвоӣ моро на фақат ба як маконе дар харита, балки ба нури олам табдил додааст.”

Раисҷумҳури Амрико хотирнишон кард, ки иқтисоди кишвараш берунрафт аз амиқтарин бӯҳрони солҳои ахирро оғоз намудааст ва ҳоло замони таҳаввулоти мусбат дар пеш аст, ки дар он бояд бо кӯмаки ҳукумат барои рушди соҳаҳои тибби биологӣ, таҳқиқоти соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ ва тавлиди нерӯи ба истилоҳ “пок” талош варзид.

Президент Обама ёдовар шуд, ки имрӯз Чину Ҳиндустон ба таълими кӯдакон дар мактабҳо таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, аз нуқтаи назари омӯзиши риёзиёту илмҳои дақиқ метавонанд бо мактабҳои амкрикоӣ рақобат кунанд.

Ҳамчунон раисҷумҳури ИМА иброз дошт, ки ҳукумат сармоягузорӣ дар соҳаҳои таҳқиқу рушдро тавсеа бахшида, аз ҷумла то соли 2020-ум шумораи муаллимони риёзиёту илмҳои дақиқро 100 ҳазор нафар бештар хоҳад кард.

Раҳбарони ширкатҳои бузурги ИМА, ки ба шунидани паёми Обама даъват шуда буданд, борҳо паёми президенти Амрикоро бо кафкӯбӣ қадрдонӣ намуданд. Маҷлиси Намояндагони зери назорати ҷумҳурихоҳон тасмим дорад, ки соли равон хароҷоти ҳукуматро 100 миллиард доллар коҳиш диҳад.

Бо ҳадафи ҳифзи ин раванд президенти Амрико пешниҳод кард, ки ҳукумат дар давоми панҷ соли оянда хароҷотро афзоиш надиҳад.
XS
SM
MD
LG