Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти вазири собиқи энержии Қирғизистон


Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, пулиси байналмилалии Интерпол вазири собиқи энержии Қирғизистонро дар Ирландия боздошт кардааст. Ба гуфтаи Мелис Турғунбоев, муовини вазири умури дохилии Қирғизистон, Сафарбек Балкибековро дар хонаи яке аз наздиконаш дар шаҳри Дублин дастгир кардаанд. Ин вазири собиқи қирғизро, ки дар аҳди Қурбмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршуда, кор кардааст, ба сӯистифода аз мақом, ришвахорӣ ва дуздии моликияти давлат муттаҳам мекунанд. Давлати Қирғизистон мегӯяд, масъалаи истирдоди Балкибеков аз Ирландия дертар баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG