Пайвандҳои дастрасӣ

Ба қурбониёни тоҷики "Домодедово" кӯмаке мешавад?


Интиқоли захмиён ба бемористонҳои Маскав.

Интиқоли захмиён ба бемористонҳои Маскав.

Дар инфиҷори 24-уми январ дар фурудгоҳи Маскав шаҳрвандони кишварҳои мухталиф кушта ва захмӣ шуданд.

Дар миёни ин қурбониён ононе низ буданд, ки ба дидори хешу ақрабои худ ба Маскав омадаанд ё ба пешвози наздиконашон ба фурудгоҳ рафтаанд. Фосила то дидори азизонашон шояд чанд дақиқаи дигар буд. Вале ин инфиҷор дидорро ба қиёмат бурд.

Ба гунаи мисол Анна Яблоновска, драмнависе аз шаҳри Одессаи Украина барандаи ҷоизаи маҷаллаи "Кино" эълон шуда буд ва вайро барои дарёфти ин ҷоиза ба Маскав даъват карданд. Вай бо орзуҳои гуворо вориди Маскав шуд, вале ҷоизаашро надид. Ҳамин гуна сарнавишт ба ҳамаи 35 нафари кушташуда иртибот мегирад. Онҳо орзуҳояшонро ба хок бурданд.

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия чанд соат баъд аз ин фоҷеа бо ишора ба қотилон ва ба омилини ин нфиҷор чунин гуфт: "Бояд аз ҳамаи чораҳо кор гирифт, то ҷинояткорон ошкор шаванд, гуноҳашон собит гардад ва ба додгоҳ кашида шаванд. Лонаи ин роҳзанҳо, ба ҳар навъе, ки аз онҳо ном бурда мешавад, бояд аз байн бурда шавад".

Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав низ ситоде ташкил додааст ва ин ситод бо мақомоти зидахли Русия ҳамкорӣ мекунад. Давлат Назрӣ-сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Сафорати Тоҷикистон дар Русия як ситод таъсис дод, ки аз кормандони сафорат ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки дар Маскав ҳастанд, тартиб ёфтааст. Фавран як гурӯҳ ба фурудгоҳи Домодедово фиристода шуд ва чанд гурӯҳи дигар ба беморхонаҳои шаҳри Маскав ва бемористони атрофи Маскав, ба бемористонҳое, ки маҷрӯҳон интиқол дода шуда буданд. Сафорати мо дар Маскав бо ҳамаи муассисаҳои табобатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар тамосанд ва ҳамкорӣ мекунанд".

Ҷониби Русия ӯҳдадор шудааст, ки ба хонаводаҳои қурбониён кӯмаки молӣ расонад. Ин кӯмакҳо чӣ қадр хоҳад буд ва оё хонаводаҳои ҳамаи қурбониён ин кӯмакҳоро дарёфт хоҳанд кард, ё танҳо шаҳрвандони Русия?

Каромат Шарипов-раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар ин заминат чунин гуфт:

Шарипов: Дар як нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон Собянин, шаҳрдори Маскав гуфт, ки ба хонаводҳои қурбониён 2 миллион рубли русӣ кӯмак расонда мешавад. Шахсоне, ки ҷароҳати вазнин бардоштаанд, ба онҳо 1,5 миллион ва ононе, ки ҷароҳаташон чандон вазнин нест, 1 миллион рубли русӣ кӯмакпулӣ мегиранд.

Суол: Дар миёни онҳо на танҳо шаҳрвандони Русия, балки шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд. Ин тасмиме, ки шаҳрдории Маскав гирифтааст, танҳо ба шаҳрвандони Русия иртибот дорад ё шҳрвандони кишварҳои хориҷӣ низ ба он дохил мешаванд?

Шарипов: Ба ҳама шаҳрвандон дахл дорад. Дар хотиратон бошад, дар солҳои 2006, 2007 дар сӯхторҳо, дар таркондани бозори Черкиз шаҳрвандони Тоҷикистон низ қурбон шуданд. Он вақт ҳукумати шаҳри Маскав ба оилаи қурбониён кӯмаки молӣ карданд ва онҳо ин кӯмакҳоро гирифтанд. Дар ин фоҷеа низ дар бораи шаҳрвандони кадом кишвар алоҳида сӯҳбат накардаанд. Умуман, ин ҷо дар бораи одамони қурбоншуда ва ҷабрдида сӯҳбат карданд.

Суол: Оё то ҳол гуфтаанд, ки маҷрӯҳон дар кадом бемористон бояд муолиҷа бигиранд ва муолиҷа аз ҳисоби кӣ сурат мегирад?

Шарипов: Эълон карданд, ки ҳар гуна табобат ё ҷарроҳӣ аз ҳисоби ҳукумати Русия мешавад. Инҳо мумкин аст шахсоне бошанд, ки аз Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор омада бошанд, вале дар ин ҷо бе даст ё бе пой мондаанд. Ман бовар дорам, ки ба ҳама ёрдам мекунанд.

Суол: Ин ҷо шумо ёдоварӣ кардед, ки шояд баъзеҳо аз даст ё аз пой маҳрум шуда бошанд. Дар чунин ҳолат онҳо қобилияти кории худро аз даст медиҳанд ва дар зиндагии худ ба нафақа эҳтиёҷ доранд. Фикр мекунед, ки барои онҳо нафақа ҳам таъин мекунанд ё чӣ тавр?

Шарипов: Дар Русия нафақа таъин мекунанд, вале барои шаҳрвандони кишварҳои дигар ҳамон як ё якуним миллион рубл ёрдамро медиҳанд. Онҳо ба давлати худ бармегарданд ва дар он ҷо зиндагии худро идома медиҳанд. Барои ҳамин, ҳар кишвар барои чунин афроди худ бояд нафақа таъин кунад.

Суол: Оё дар Тоҷикистон ҳамин гуна нафақа таъин мекунад?

Шарипов: То ҳол набуд.* Ҳоло Хадамоти муҳоҷират ташкил шуд. Аввал бояд ҳамин масъаларо бинад. Ин фоҷеаро теракт ҳисоб кардан мумкин нест. Ин назари ман аст. Дар ҷое, ки ҳамин ҳодиса рух дод, таксистҳои рус ҳисоб мешаванд онҳо. Ин таксистҳо намехостанд, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар таксист шаванд ва нони даҳони онҳоро кашида гиранд. Мумкин онҳо карда бошанд. Барои ҳамин гунаҳгор кардани шаҳрвандони Қафқоз нодуруст аст. Хуб шуд, ки як сарсафед ба кафондани мавод айбдор шудааст. Ҳоло дар бораи Қафқоз сухангӯии худро камтар кардаанд.

*Шарҳи идора: Дар Тоҷикистон нафақаи маъюбон ва маълулон мавҷуд аст, аммо қонуни мушаххасе дар бораи онҳое, ки бар асари ҳамлаҳои террористӣ ё рӯйдодҳои дигар дар хориҷ аз кишвар захмӣ ва маъюб шудаанд, вуҷуд надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG