Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия имрӯз мотам дорад


Дар Русия барои гиромидошти хотираи қурбониёни бобмгузории интиҳорӣ дар фурудгоҳи Домодедово имрӯз сӯгвории миллӣ эълом шудааст. Дар ин бомбгузорӣ 35 нафар, аз ҷумла 8 нафар хориҷӣ бо шумули ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҳуввияти тамоми кушташудаҳоро мушаххас кардаанд, ба истиснои ҳуввияти бомбгузори маргталаб. Раиси ҷумҳур ва нахуствазири Русия қавл додаанд, ки омилони ҳодиса подоши амали худро хоҳанд гирифт. То кунун касе масъулияти ин бомбгузориро бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG