Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шартҳои нави издивоҷ бо шаҳрвандони хориҷӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи Кодекси оила издивоҷи шаҳрвандони кишвар бо атбои хориҷиро маҳдуд кард.

Танҳо он шаҳрванди хориҷӣ, ки тайи як соли ахир дар Тоҷикистон ба сар бурдааст, ҳақ дорад бо сокини ин кишвар оила барпо кунад.

Ин нукта яке аз муҳимтарин тағйироти ворида ба Кодеси оилаи Тоҷикистон буд, ки дар Маҷлиси намояндагон баъди баҳсу баррасиҳои тӯлонӣ ва бо иттифоқи оро қабул гардид.

Издивоҷ бо хориҷиҳо танзим мешавад

Абдуманнон Холиқов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, ки моҳияти тағйирот ба Кодекси оиларо ба вакилони парлумон шарҳ медод гуфт, ки дар аксари маворид атбои хориҷӣ бидуни кадом ӯҳдадорӣ ва эҳсоси масъулият бо духтарони тоҷик оила ташкил медиҳанд. Вале бо анҷоми замони маъмурият ва ё сабабҳои дигар, ки Тоҷикистонро тарк мекунанд, ин оилаҳоро ба дасти фаромӯшӣ месупоранд.



Аз ин рӯ, ба гуфт оқои Холиқов давлат, ки вазифаи ҳимояти ҳуқуқи сокинони худро бар ӯҳда гирифтааст зарур медонад аз афзоиши ин маворид ҷилавгирӣ кунад. Оқои Холиқов афзуд, ки бар асоси ислоҳоти воридшуда ба Кодекси оила, шаҳрванди хориҷӣ ба ҳангоми пешниҳоди аснод барои сабти расмии никоҳ, ӯҳдадор аст, ки аҳдномаи никоҳро низ имзо кунад. Ва яке аз шартҳои ин аҳднома бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин кардани ҳамсар ва фарзандон аз тарафи шаҳрванди хориҷӣ аст.

Муовини вазири адлияи Тоҷикистон афзуд, ки дар сафорат ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ бархе аз духтарони тоҷик, ки ҳамакнун аз шавҳарони хориҷии худ ҷудо шудаанд, аз нақзи ҳуқуқи худ шикоят мекунанд. Ва ба ин далел, ки чунин маворид афзоиш меёбад, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин масъаларо дар сатҳи ҳукумат мавриди баррасӣ қарор дод.

Аммо бо ин вуҷуд, нукоти пешниҳодшуда аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ба қонуни мазкур ҷиҳати танзими ташкили оила бо атбои хориҷиро вакилони Маҷлис мавриди баррасии тӯлонӣ қарор доданд.

Шарти мушкил

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон ин меъёри қонун, ки табааи хориҷиро муваззаф мекунад хонаводаи худро ҳатман бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин кунад, то андозае мушкил хонд. Вай афзуд, ки барпо кардани оила як ғаризаи ҳаётӣ аст ва намешавад талабҳоеро қонунӣ кард, ки иҷрои онҳо ба ҷои рафъи мушкил, мушкили дигар пеш оварад.

Аммо Ҷумъа Давлатов, намояндаи ваколатдори раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи модарони танҳои тоҷик, ки аз шавҳарони хориҷӣ ҷудо шудаанд як мушкилии изофӣ ба бюҷети давлат шудааст. Аз ин рӯ, давлат барои ҷилавгирӣ аз идома ва афзоиши чунин ҷараён ва ҳифзи ҳимояти сокинони худ, даст ба чунин иқдом задааст.

2500 издивоҷ бо хориҷиҳо дар панҷ сол

Бо ин ҳол Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз ҲНИТ дар Маҷлис ин нуктаро ба баҳс кашид, ки дар сурати бо худ бурдани духтари тоҷик аз сӯи шавҳари хориҷӣ оё нукоти ин қонун аз ҷумла таъмини ҳатмии манзили зист чи гуна роҳи ҳал хоҳад дошт.

Абдуманнон Холиқов, муовини вазири адлияи Тоҷикитсон посух дод, ки дар сурати баста шудани ақди никоҳи ӯ дар Тоҷикистон, ин қонун барои онҳо низ татбиқ хоҳад шуд. Вале оқои Холиқов афзуд дар аксарияти кишварҳои ғарбӣ масъалаи аҳдномаи зану шавҳар ва ӯҳдадориҳои дуҷонибаи онҳо мушаххас шудааст.

Бо ин ҳол бар пояи иттиллои вазорати адлияи Тоҷикистон дар панҷ соли ахир беш аз дувуним ҳазор ақди никоҳи шаҳрвандони тоҷик бо хориҷиҳо ба қайд гирифта шуда вале аз ин ҳисоб то ба имрӯз 600 оила аз ҳам пошидааст. Бар пояи ин маълумот, ҳоло духтарони тоҷик бо намояндагони сӣ кишвари хориҷӣ оила барпо кардаанд.
XS
SM
MD
LG