Пайвандҳои дастрасӣ

Иҷлоси порлумони Афғонистон оғоз ва моҷаро тамом шуд


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, имрӯз нишасти порлумони ин кишварро оғоз кард ва моҷарои сиёсияш бо вакилон хотима дод. Ин нахустин иҷлоси порлумони Афғонистон баъди интихоботи порлумонии олуда ба хушунат ва иддаъоҳо дар мавриди тақаллуби моҳи сентябри соли гузашта аст. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон хоста буд, ки нишасти порлумон ба таъхир гузошта шавад, то кумиссиёни махсуси таъсидодааш тавонад, иддаъоҳо доир ба тақаллуб дар интихоботро таҳқиқ кунанд. Ин кумиссиён дар сурати собит шудани иддаъоҳо метавонад, вакилонро аз ин мақом маҳрум кунад. Аммо вакилони порлумон Ҳомиди Карзайро ба талош барои дур кардани мухолифонаш хонда ва гуфтанд, ки нишастро бе ӯ ҳам баргузор мекунанд.
XS
SM
MD
LG