Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани узви Ал-Қоида дар Тоҷикобод


Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, як узви шабакаи Ал-Қоида дар амалиёте дар шарқи кишвар кушта шудааст.

Тоҳир Норматов, сардори ситоди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Мазорӣ Фатҳиддинов мулаққаб ба «Мавлавӣ Мансур» шаби гузашта ҳангоми кӯшиши фирор дар ноҳияи Тоҷикобод кушта шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Мазорӣ дар 13 солагӣ ба Покистон рафта дар онҷо тамринҳои тахрибкориро омӯхтааст. Чанд муддат низ дар пойгоҳҳои террористӣ дар Афғонистон таълим дида баъдан барои ноором кардани вазъи кишвар, ба шарқи Тоҷикистон омадааст.

Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ таъкид кард, ки Мазорӣ Фатҳиддинов яке аз омилони ҳамла ба корвони нерӯҳои вазорати дифоъ дар дараи Камароб дар рӯзи 19-уми сентябр мебошад, ки бар асари он 25 афсару сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон кушта шуданд.



Амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи Алии Бедакӣ ва Абдулло Раҳимов, яке дигар аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар водии Рашт ба думболи ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ ва кушта шудани 25 сарбозу афсари ин вазоратхона дар рӯзи 19 -уми сентябр оғоз шуд.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар оғози моҳи ҷорӣ гуфта буданд, ки фармондеҳи мухолифини мусаллаҳи давлат дар водии Рашт Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ҳамроҳ бо 7 тан аз ёронаш дар як даргирӣ дар рустои Руноб (Рунов)-и ноҳияи Рашт кушта шуданд.
Аммо аз макони Мулло Абдулло то ба ҳол маълумоти дақиқ дар даст нест.
XS
SM
MD
LG